Пайвандҳои дастрасӣ

Зиндагиномаи Робби Вилямз


Дориюш Ин мард, ки рафторе ҳамонанди рафтори як навҷавон дорад ва ба қалби ҷавонони ақсо нуқоти ҷаҳон ҳам роҳ ёфтааст, рӯзи 13 феврали соли 1974 бо номи Роберт Питер Вилямз дар шаҳраки Стоук-он-Трент (Stoke-on-Trent)-и Инглистон зода шуд. Пас хеле ҳам навҷавон нест; имсол 32-сола шуд.

Кӯдаки шайтон

Робби тамоми давраи кӯдакиашро дар ҳамон шаҳраки зодгоҳаш гузаронд. Дар канори модараш Ҷан ва хоҳарбузургаш Салли. Нависандагони зиндагиномаи Робби Вилямз ба падари Робби иродате надоранд, чун ишорате ба ӯ намекунанд. Робби ба дур аз дасти муҳками падар дар он давра писарбачае буд шӯху шайтон ва дар мадраса ҳам ҳамагӣ аз шайтанати ӯ ҳарос доштанд. Модараш соҳиби майкадае буд. Шояд он майкада дар майзадагии Робби дар синини навҷавонию ҷавониаш бетаъсир набуд. Аммо Робби муваффақ шуд аз иродаи худ кор бигирад ва ба идораи тамоюлаш бипардозад. Ва аммо пеш аз он гирифторӣ писарбача Робби ба ҳамроҳи модараш ба як гурӯҳи маҳаллии теотр пайваста буд ва муҳимтарин нақши ӯ он ҷо нақши Dodger аз намоишномаи "Оливер Твист" буд. Бо диле сард аз муваффақияти камрангаш дар теотр Робби ба овозхонӣ рӯ овард ва дар маҳофили мадраса овоз мехонд.

Оғози парвозе баланд

Зоҳиран комёбии ӯ дар ин замина ташвиқкунандатар буд, ки Робби дар синни 16-солагӣ ба гурӯҳи ҳунарии Take That! пайваст. Албатта, ҳамааш ишқу алоқаи худаш набуд. Модари Робби хеле дӯст дошт, ки писараш яккорае бишавад. Рӯзе Ҷан дар хиёбон огаҳие дид, дар бораи мусобиқаи овозхонӣ барои ташкили як гурӯҳи ҳунарӣ. Писарашро ташвиқ кард ва Робби ҳам пазируфт. Дере нагузашта, Робби ба ситораи ин гурӯҳи панҷнафара табдил шуд ва дар тӯли панҷ сол Take That рекурдшикан шуд.

Аммо Робби ҳамон Роббии шӯху ноором буд. Тайи ин давра матбуъоти зарди Бритониё саршор аз хабарҳои ҷолиб дар бораи моҷароҳои Роббии ёғӣ бо раҳбари гурӯҳ буд. Саранҷом рӯзи 17 июли соли 1995 нақли қавле аз Робби дар ҳамаи рӯзномаҳо мунташир шуд: "Ман меравам!". Робби гурӯҳи Take That-ро тарк кард ва бад-ин гуна рӯзгори заррини ин гурӯҳ парпар шуд.

Фуруде дар нимароҳ

Аммо барои Робби поёни кораш бо ин гурӯҳ оғози кори дигаре буд. Оғози роҳе душвору ноҳамвор, ки дар имтидоди он Робби гирифтори кокоин ва машрубот шуд. Гоҳ-гудоре ҷавони жӯлидае бо либоси номураттаб ба тан тулу-тулухурон аз хиёбонҳои Ландан рад мешуд ва мардум боварашон намешуд, ки ин ҳамон ситораи собиқ аст. Робби ҳам мутаваҷҷеҳ шуд, ки бад-ин гуна маҳбубияташро аз даст хоҳад дод ва дар азҳони ҳаводоронаш ба хотирае андӯҳгин мубаддал хоҳад шуд.

"Фридом" аз дасти эътиёд

Робби ба ҷидду ҷаҳд пардохт ва моҳи июли соли 1996 нахустин такоҳанги худ "Фридом"-ро вориди бозор кард. "Фридом" ("Озодӣ") бозхонии оҳанги Ҷорҷ Майкл ба ҳамин ном буд ва дар Бритониё ба мақоми дуввуми ҷадвали пурфурӯштарин оҳангҳо расид.

Аммо оғози воқеъии зиндагии навини Робби моҳи декабри соли 1997 иттифоқ уфтод. Оҳанги "Angels" ("Фариштаҳо")-и ӯ дар фарози ҷадвал қарор гирифт ва ин оҳанг то кунун аз маҳбубтарин таронаҳои попи Бритониё ба шумор меравад.

Ва дар паи он таронаи "Feel" ("Эҳсос") бори дигар бозори мусиқии попи Бохтарзаминро такон дод:

Биёву дасти ман бигир,
Тамос мехоҳам бо зистан
Намедонам, ки оё медонам
Нақшеро, ки ба ман додаанд.

Менишинаму бо худо ҳарф мезанам,
Ӯ ба барномаҳои ман механдад
Сари ман ба забоне суҳбат мекунад,
Ки ман намефаҳмам.

Ман фақат мехоҳам ишқи ростинро ҳис бикунам
Ин хонаро, ки маскунашам,
Зеро дар рагҳои ман зиндагие фаровон дар ҷараён аст
Ва ҳадар мешавад.

Бад-ин гуна Робби Вилямз бо тарки гурӯҳи Take That на танҳо чизе набохт, балки тавонист маҳбубияти фаротар аз тасаввур ҳам ба даст оварад. Аммо расидан ба ин ҳадаф аз ӯ талошу муҷоҳидати фаровон мехост.
XS
SM
MD
LG