Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошту озодии хабарнигорони туркман


Брюс Паннир Ду хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар Туркманистон кор мекарданд аввали ин моҳ бенишон шуданд. Дертар мақомоти туркман гуфтанд, онҳоро ҳабс кардаанд. Боздошти хабарнигорон нигаронии амиқи созмонҳои байнулмилалро ба миён овард. Баъд аз пахши чандин изҳороти шадид, мақомоти Туркманистон маҷбур шуданд, хабарнигоронро озод кунанд.

БОЗДОШТ

Дар тамоси телефонӣ бо яке аз онҳо тафсилоти ин ҳабсу озодӣ рӯшан шуд, ки ҳоло аз забони Мурод Ҳоммадов мешунавем: "Ҳафтуми март, соати 8-и субҳ моро боздошт карданд ва ба идораи полис бурданд. Ду соат интизор шудем ва намедонистем, чи мегузарад.

АЙБМОНӢ

Сипас, мӯйсафедони деҳаи Ҳакимликро оварданд ва онҳо бо мо сӯҳбат карда, ба сари мо дод заданд ва моро хоин номиданд. Онҳо бисёр хашмгин буданд ва мегуфтанд, роҳ нахоҳанд дод, ки мо дар ин ҷо зиндагӣ кунем. Онҳо гуфтанд, мо бояд ронда шавем. Дигаре мегуфт моро бояд 15 рӯз дар ҳабс нигаҳ дошт. Шарики ман чизе намегуфт, вале ба ӯ ҳам ҳамла мекарданд. Онҳо маро айбдор карданд, ки чаро Ҷумъаро ба кор дар радио кашидам. Радиои Озодӣ. Баъд як афсари хадамоти амнияти миллӣ бо мо сӯҳбат кард. Вай гапи худро мегуфт, савол медод, аммо намгузошт, ки ман чизе бигӯям. Баъд моро бо зӯрию кашокаш ба маҳбас бурданд."

ЗИНДОН

Даҳ рӯз, аз 7-ум то 17-уми март, Мурод ва хабарнигори дигари Озодӣ, Ҷумъадурдӣ Авезов маҳбус буданд. Ҷумъадурдӣ, ду ҳафта пеш аз боздошт, гурдаашро ҷарроҳӣ карда буд ва баъд аз ин даҳ рӯзи ҳабс ба бистар афтода, то ҳанӯз барнахостааст.
Мурод Ҳоммадов дар бораи маҳбас ин тавр мегӯяд: "Моро дар ҳуҷраҳои якккасии маҳбаси шаҳри Мари нигоҳ медоштанд. Дар он танҳо як кати оҳанин буду бас. Рахтихоб, болин ё рӯкаше набуд. Ҳама ҷо пур аз суск ва шабушк буд. Дар ин маҳбас бо онҳое будем, ки бемории сил доштанд ва ё мӯътодии маводи мухаддир. Ҳар рӯз як порча нон ва нимирӯзӣ шӯлае медоданд, ки маълум набуд, аз чӣ таҳия шудааст ва мебоист бе чумча онро хӯрд."

БОЗПУРСӢ

Дар бозпурсиҳо кӯшиши муфаттишон ин буд, ки бояд ҳардуро дар хиёнат ба ватан ва ангезиши хусумати мазҳабӣ айбдор кунанд. Зери фишор ва бадрафториҳо ҳарду хабарнигор маҷбур шуданд, ин айбномаро бар дӯш бигиранд.
Ҳоммадов мегӯяд: "Вақте моро ҳам дар маҳбас ва ҳам дар дафтари ҳокими вилоят бозпурсӣ мекарданд, ҳамаи онро ба навори видео мегирифтанд. Баъд онҳо моро маҷбур карданд, агар озод шудан мехоҳем, гуноҳро ба гардан гирем ва ба коғазҳо имзо гузорем. Бо ҳамин роҳ мо ба озодӣ баромадем."

ОЗОДӢ

Мурод изофа мекунад, ки танҳо имзои айбнома сабаби озодӣ нашудааст. Бар замми ин санадҳо, шифоҳан онҳоро ҳушдор додаанд: "Вақте мо ба қоғазҳо даст мондем, онҳо гуфтанд, акнун як чиз -- набояд бо Радиои Озодӣ ҳамкорӣ кунед. Ин радио бо одамони бад ҳамкорӣ мекунад, ки хоинони ватан ҳастанд. Ва онҳо чанд касро ном гирифтанд. Аз ҷумла, собиқ вазири корҳои хориҷӣ Борис Шайхмуродовро, ки соли 2003 бо айбномаи сӯйиқасд ба ҷони президенти Туркманистон маҳкум ба ҳабси абад шудааст. Онҳо ҳатто афродеро ном бурданд, ки гӯё дар ҷанги ҷаҳонии дуюм хиёнат кардаанд. Онҳо гуфтанд, кор бо ин радио хуб нест."

ТАҲДИД

Пеш аз он ки Мурод Ҳоммадов ва Ҷумъадурдӣ Авезовро озод кунанд, ба онҳо ҳушдор доданд, ки дар сурати такрори амали худ ба бархӯрди бадтаре рӯбарӯ хоҳанд шуд: "Онҳо гуфтанд, дигар набояд ба зидди ҳукумат чизе гуфт. Ва агар ин ҳушдор иҷро нашавад, мо шуморо тикаву пора мекунем ва гуфтанд, на танҳо мо, балки аҳли хонаводаи мо ва фарзандони моро нобуд хоҳанд кард. Ёдам омад, ки пештар, рӯзи 18-уми феврал намояндагони давлатӣ ба хонаи мо омада, дар бораи тамоми аҳли оила ва хешони дуру наздики мо иттилоъ гирифта буданд. Ман хомӯш мондам. Ҳамон вақт маро ба полис даъват карду буданд, вале ман нарафтам. Баъдаш, рӯзи 22-юми феврал хатти телефони маро буриданд. Аҷибаш ин ки боз ба кор андохтанд, вале ҳар вақте ки аз Радиои Озодӣ ба ман занг мезаданд ва ман салом мегуфтам, хат дубора қатъ мешуд."

ТАРС

Мурод мегӯяд, вазъаш ҳоло хуб аст, аммо ишора мекунад, ки дар зери муроқибаи кормандони амният қарор дорад: "Ҳоло хубам. Хеле хуб. Аммо ҳамаи ин рӯзҳо афсарони амниятӣ дар атрофанд ва аз паси ман мепоянд." Мурод бештар аз вазъи шарикаш Ҷумъадурдӣ Авезов дар ташвиш аст ва мегӯяд, 10 рӯзи зиндон ба саломатии вай таъсири баде гузошта, дубора дарди гурда шудааст ва метарсад ба пизишкон муроҷиат кунад. Ҷумъа гуфтааст, бим дорад, ки ба ҷои дору ба ҷисми ӯ чизи дигаре ворид кунанд, ки аз ин ҳолаш ҳам бимонад. Телефони ӯ низ қатъ аст ва имкони тамос бо вай вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG