Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қотилони Хуршеда "авбош" унвон шуданд


Ҳайъати мунсифаи додгоҳи шаҳри Санкт-Петербурги Русия як навҷавони муттаҳам ба қатли Хуршеда Султонова - духтари нуҳсолаи тоҷикро табраъа (сафед) кардааст. Хуршеда ду сол пеш дар яке аз хиёбонҳои ин шаҳр тавассути як гурӯҳи навҷавонон ба қатл расид.

Аз ҷумлаи ҳашт нафари муттаҳам ба зарбу ҷарҳ ва қатли Хуршеда Султонова ҳафт тан ба хотири авбошӣ муҷрим шинохта шуданд. Аммо муттаҳами аслии қазия аз иттиҳоми қатл табраъа шуд.

Дар ҳодисае, ки моҳи феврали соли 2004 иттифоқ уфтод, падари Хуршеда ва бародарзодаи ӯ низ захмӣ шуда буданд.

Навҷавоне, ки ба адовати нажодӣ муттаҳам шуда буд, худро бегуноҳ номид ва гуфт, ки эътирофоти аввалияи вай ба маъмурони пулис таҳти фишори равонӣ ва баданӣ сурат гирифта буд.

Қатли духтарбачаи тоҷик дар Тоҷикистон эътирозотеро доман зада буд ва раванди рӯ ба афзоиши табаҳкориҳои нажодӣ дар Русияро бармало кард.
XS
SM
MD
LG