Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Aлҷазира Ко" корхонаи ресандагии Қурғонтеппаро бозсозӣ мекунад


Ширкати мисрии «Алҷазира Ко» эълом доштааст,ки ҷиҳати бозсозии бузургтарин корхонаи ресандагии шаҳри Қурғонтеппа, 90 километрии ҷануби шаҳри Душанбе дар соли равон 20 миллион доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.Дар ин маврид ахиран миёни раҳбарияти корхонаи ресандагии шаҳри Қурғонтеппа ва мақомоти ширкати «Алҷазира Ко»тавофуқ ҳосил шудааст.Корхонаи ресандагии шаҳри Қурғонтеппа то кунун дар шакли ҷамъияти саҳҳомии дорои масъулияти маҳдуд амал мекард.Бар асоси тавофуқи тарафайн ҳамакунун ширкати мисрии «Алҷазира Ко» беш аз нисфи саҳмияҳои корхонаи ёдшударо дар ихтиёр гирифта,ҳамзамон он аз Ҷамъияти масъулияташ маҳдуд ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи »Алҷазира Ко» тағйири ном кардааст.
Раёсати кадрҳои корхонаи ресандагии Қурғонтеппа дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт ширкати мисрии «Алҷазира Ко» қасд дорад то соли 2007 иқтидори қаблии ин корхонаро,ки баробар ба 9 ҳазор тон тавлидоти нассоҷӣ буд,барқарор намояд.Дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад 80 дарсади таҷҳизоти корхона бинобар фарсудагӣ ғайри қобили истифода аст ва ба ин далел танҳо 160 нафар сокини маҳаллӣ дар корхона фаъолият доранд.Ширкати «Алҷазира Ко» гуфтааст бо таваҷҷӯҳ ба ин қарор аст тамоми таҷҳизоти корхона бо таҷҳизот ва фанновариҳои муосир иваз гардад.Ба гуфтаи масъулини ширкати мазкур бо роҳандозии фановариҳои муосир то як соли дигар интизор меравад дар корхонаи мавриди назар беш аз ҳазор ҷойи нави корӣ эҷод гардад.
XS
SM
MD
LG