Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати нави давлати Афғонистон пешбарӣ шуд


Ҳомид Карзай - раисиҷумҳури Афгонистон феҳрести асомии ҳайъати нави ҳукумат ва додгоҳи олии ин кишварро ба порлумони Афғонистон ироа додааст. Карими Раҳимӣ - сухангӯи раёсатиҷумҳурии Афғонистон дар гуфтугӯе бо родю Озодӣ гуфт, ки дар ин феҳрест теъдоди вазоратхонаҳои Афғонистон аз 28 то ба 26 адад коҳиш ёфта ва вазоратҳо дар умури занон, ҷавонон ва маъюбон ба як вазоратхона идғом шудаанд.


Оқои Раҳимӣ гуфт, дар ин феҳрест Додфар Рангини Сипанто - мушовири раисиҷумҳурӣ дар умури байналмилал дар мақоми вазорати хориҷа ҷойгузини дуктур Абдуллоҳ шудааст. Дуктур Абдуллоҳ, яке аз рахбарони собиқи Эътилофи Шимол аз чаҳор сол пеш бад-ин сӯ дар раъси вазорати хориҷаи Афғонистон қарор дошт.


Дар феҳрести нав ҷамъан 13 вазир азлу насб шудаанд. Заррор Аҳмад Муқбил - сарпарасти собиқи вазорати дохилаи Афғонистон ба сарварии ин вазоратхона пешбарӣ шудааст. Ба гуфтаи Карими Раҳимӣ, дар феҳрести ҷадид мақоми тозае ҳам зери унвони "вазорати аршад" пешбинӣ шудааст. Оқои Раҳимӣ гуфт, вазири аршад ҳамоҳангсози кори мушовирони раисиҷумҳурӣ ва вазоратҳои кишвар дар пиёда сохтани барномаҳои раисиҷумҳурии кишвар аст ва ба ин мақом Ҳидоят Амин Арсало пешбарӣ шудааст. Ҳидоят Амин Арсало дар хукумати Ҳомид Карзай аз чаҳор сол пеш бад-ин сӯ мушовири раисиҷумҳурӣ ва вазири тичорати Афғонистон буд.


Карими Раҳимӣ - сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афгонистон гуфт, интисоби вазирон аз рӯи асли шоистасолорӣ сурат гирифта ва дар сурати радди ҳайъати пешниҳодӣ аз сӯи порлумон феҳрести дигаре вуҷуд надорад.


Фарҳоди Милод, аз Кобул
XS
SM
MD
LG