Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушунуди Эрону Омрико пас аз 27 сол хусумат?


Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон мегӯяд, ки агар мақомоти эронӣ қодир ба тавзеҳи дидгоҳҳои Эрон дар бораи Ироқ барои Омрико бошанд, "гуфтушунуд бо омрикоиҳо мушкиле надорад".

Вай рӯзи сешанбе (21 март) аз ҷумла гуфт:

"Аммо агар музокира ба маънои ин аст, ки арсае боз бишавад, барои ин ки тарафи зӯргӯ, пуррӯ ва маккор бо иттико ба зӯр бихоҳад ҳарфҳои худашро бар тарафи дигар таҳмил кунад, ин мисли бақияи маворид, ҳамчуноне ки эълом кардем, мамнӯъ хоҳад буд".

Оқои Хоманаӣ ҳамчунин гуфт, ки мақомоти эронӣ хостори хуруҷи нирӯҳои омрикоӣ аз хоки Ироқ хоҳанд шуд:

"Он назарот чист? Он назарот тафҳими ин нукта ба омрикоиҳост, ки онҳо даст аз сари Ироқ бояд бардоранд, то миллати Ироқ кишварашонро худашон идора кунанд. Даст аз таҳрики қавмиятҳо бояд бардоранд, то Ироқ рӯи амниятро бибинад".

Ин барои нахустин бор аст, ки Оятуллоҳ Хоманаӣ расман ва аланан пешниҳоди гуфтушунуд бо мақомоти омрикоиро таъӣид мекунад. Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон дар мавриди тамоми масоили марбут ба давлат ҳарфи охирро мезанад.

Рӯйкарде тоза ба "Шайтони бузург"

Аммо соҳибназарон мегӯянд, ки таъйиди музокироти пешниҳодӣ аз сӯи Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳатто қабл аз суханронии рӯзи сешанбеи ӯ маҳсус буд, вагарна бидуни ҳимояти вай мақомоти эронӣ дам аз омодагӣ ба азсаргирии музокирот бо "Шайтони бузург" намезаданд. "Шайтони бузург" лақабест, ки Оятуллоҳ Хумайнӣ - раҳбари инқилоби исломии Эрон рӯи Омрико гузоштааст.

Изҳороти оқои Хоманаӣ дар паи интиқодоти муҳофизокорон аз тағйири умдаи сиёсати хориҷии Эрон ирод шуд. Тайи беш аз бист соли ахир Эрону Омрико дар ҷавви хусумати расмӣ ба сар бурдаанд.

Рӯзи 20 март Ҷаводи Ҷаҳонгирзода - як узви Кумисюни сиёсати хориҷӣ ва амнияти миллии Маҷлиси Эрон гуфт, ки Омрико метавонад аз гуфтушунуди худ бо Эрон "ба унвони як абзор" барои ҳалли мушкилоти худ кор бигирад.

Ҳафтаи гузашта рӯзномаи "Кайҳон", мутаъаллиқ ба маҳофили муҳофизакори қудрат дар Эрон, дар як сармақолаи худ навишт, ки ҳадафи Омрико аз пешниҳоди баргузории музокирот бо Эрон фиристодани ин паём ба ҷунбишҳои исломии ҷаҳон аст, ки "Эрон саранҷом пас аз 27 соли муқовимат таслими Вошингтун шуд".

"Рисолат", як рӯзномаи муҳофизакори дигари чопи Теҳрон, ҳамчунин ҳушдор дод, ки мутасодиф шудани музокироти пешниҳодӣ бо тарҳи барномаи ҳастаии Эрон дар Шӯрои амнияти СММ намоиши "заъфи Эрон" дар арсаи байналмилалӣ талаққӣ хоҳад шуд.

Изҳороти оқои Хоманаӣ ҳамчунин дар паи тарҳи фарзияҳое сурат мегирад, ки шояд гуфтушунуди Эрону Омрико дар бораи Ироқ густардатар шавад ва ниҳоятан ба зудоиши танишҳои мавҷуд дар равобити Теҳрону Вошингтун бианҷомад.

Оё Ироқ танҳо мавзӯъи гуфтугӯ хоҳад буд?

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ Ҷабҳаи Мушорикати Эрон, ки муҳимтарин ҳизби ислоҳталаби кишвар ба шумор меравад, хостори шаффофият дар ҳар навъ гуфтушунуди мақомоти эронӣ бо Омрико шуд. Ин ҳизб дар баёнияе гуфт, ки "зоҳиран раҳбарони миллат мехоҳанд на танҳо мавзӯъи Ироқ, балки масоили дигарро низ бо Омрико дар миён бигзоранд".

Вале Оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе (21 март) таъкид кард, ки гуфтушунуд танҳо рӯи масоили марбут ба Ироқ мутамаркиз хоҳад буд:

"Мо аз аввал эълом кардем ва алъон ҳам эълом мекунем: дар ҳич як аз масоили мавриди ихтилофи худамон бо Омрико мо бо Омрико музокира намекунем".

Оқои Хоманаӣ гуфт, ки давлати Омрико аз музокирот ба унвони абзоре барои таҳмили иродаи худаш бар дигарон истифода мекунад, аз ин рӯ музокира бо Омрико дар бораи ҳар масъалаи дигаре "бемаънӣ" хоҳад буд.

Дигар мақомоти эронӣ, аз ҷумла Алии Лориҷонӣ - дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон низ таъкид кардаанд, ки гуфтушунуд бо Омрико танҳо рӯи мавзӯъи тасбити авзоъ дар Ироқ мутамаркиз хоҳад буд.

Ҳадафи расмии Эрон аз музокирот

Оқои Лориҷонӣ, ки рӯзи 16 март барои нахустин бор омодагии Теҳрон ба баргузории гуфтушунуде бо Вошингтун дар бораи Ироқро эълом кард, умедвор аст, ки ин музокирот давлати ояндаи Ироқро "дар ҷойгоҳи беҳтаре қарор диҳад, то он битавонад мушкилоти кишварро ҳал кунад".

Ҳафтаи гузашта Манучеҳри Муттакӣ - вазири хориҷаи Эрон гуфт, ки музокирот ба ташкили ҳукумати ҷадиди Ироқ мусоъидат хоҳад кард.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, ки онҳо бо таваҷҷуҳ ба хоҳиши мақомоти Ироқ пешниҳоди музокиротро пазируфтаанд ва ҳамчунин ба хотири ин ки барқарории сулҳу субот дар Ироқи ҳамсоя барои Эрон ҳоизи аҳамият аст.

Вошингтун Залмай Халилзод - сафири Омрико дар Ироқро барои музокира бо Эрон гумоштааст, аммо ба гуфтаи мақомоти омрикоӣ, мавзӯъи барномаи ҳастаии ҷанҷолбарангези Эрон дар ин гуфтушунуд матраҳ нахоҳад шуд.

Эрон ва Ал-Қоъида

Рӯзи 21 март хабаргузории расмии Кувайт бо истинод ба Ҷабр Сулоғ - вазири умури дохилаи Ироқ хабар дод, ки Эрону Омрико дар он музокирот дар бораи фаъъолиятҳои шабакаи Ал-Қоъида табодули назар хоҳанд кард. Ба гуфтаи оқои Сулоғ, Эрон дар бораи Ал-Қоъида иттилоъоте дорад ва "қодир аст фаъъолиятҳои ин шабака дар Ироқро маҳор кунад".

Вазири кишвари Ироқ ҳамчунин гуфтааст, ки ҳич далеле дар мавриди дахолати Эрон дар умури дохилии Ироқ вуҷуд надорад. Дар гузашта мақомоти Омрико борҳо Эронро ба дахолат дар умури Ироқ муттаҳам карда буданд. Аммо Эрон пайваста ин иттиҳомро рад кардааcт.

Замон ва маҳалли баргузории гуфтушунуди миёни Теҳрон ва Вошингтун дар бораи авзоъ дар Ироқ ҳанӯз эълом нашудааст.

Алии Лориҷонӣ - умдатарин музокиракунандаи эронӣ дар гуфтушунудҳои ҳастаӣ гуфтааст, ки интизор дорад ин музокирот "ба зудӣ" оғоз шавад.
XS
SM
MD
LG