Пайвандҳои дастрасӣ

Тозатарин додаҳо аз шумори беморони сил дар Тоҷикистон


Як мақоми беҳдоштии Тоҷикистон гуфтааст, ки аз оғози соли 2006 то кунун дар ин кишвар беш аз 1000 мавриди ибтило ба бемории сил расман сабт шудааст.

Саъдуллоҳ Саидалиев - раиси маркази силшиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин кишвар ҳудуди 13 000 нафар аз бемории сил ранҷ мебаранд.

Оқои Саидалиев гуфт, ки бештарин мавориди ибтило ба бемории сил дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон сабт шудааст.

Ин матлаб дар остонаи рӯзи байналмилалии мубориза бо сил эълом шудааст. Рӯзи 24 март кишварҳо ва созмонҳои байналмилалии марбута талош мекунанд таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳониро ба корзор алайҳи бемории сил ҷалб кунанд.
XS
SM
MD
LG