Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маҳдудияти интиқоли барқ дар Душанбе


Гузоришҳои расида аз Душанбе ҳокист, ки дар бархе аз маҳаллаҳои пойтахти Тоҷикистон тайи се рӯзи ахир интиқоли барқ дар соъоти шаб қатъ мешавад. Хабаргузориҳо бо истинод ба созмони барқрасонии Душанбе мегӯянд, ки қатъи интиқоли барқ ба манозили шаҳрвандони пойтахт миёни соъатҳои 23:00 то 5:00 аз пеш барномарезӣ шудааст.

Акрам Саидмуртазоев, аз созмони барқрасонии шаҳри Душанбе дар тамосе бо родю Озодӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, ки далели умдаи маҳдудияти интиқоли барқ коҳиши сатҳи оби нирӯгоҳи Норак аст. Вай афзуд, ки мақомоти масъул мунтазири борандагии бештар дар рӯзҳои наздик ҳастанд, то мизони оби садди Норак афзоиш ёбад ва таъмини шабонарӯзии мардуми пойтахт бо нирӯи барқ муяссар шавад.

Дар ин миён масъулони ширкати "Барқи тоҷик" ба хабарнигорон гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир коршиносони вазорати энержии Тоҷикистон мавзӯъи лағви ҷирабандӣ (лимит) барои истифода аз нирӯи барқ дар саросари кишварро баррасӣ мекунанд. Қарор аст ҷирабандиҳо то поёни моҳи март фасх шавад. Ин ҷирабандӣ рӯзи якуми октябри соли гузашта эъмол шуд.
XS
SM
MD
LG