Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вашингтон Тошкандро маҳкум кард


Вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико тасмими давлати Узбакистон мабнӣ бар бастани Кумисериёи олии СММ дар умури паноҳандагон дар Тошкандро маҳкум кардааст.

Дар баёнияи рӯзи чаҳоршанбе (22 март)-и вазорати хориҷаи Омрико аз мақомоти узбак тақозо шуда, ки тасмимашонро бознигарӣ кунанд.

Вазорати хориҷаи Узбакистон рӯзи 17 март ба Кумисерёи олии СММ дар умури паноҳандагон гуфт, ки дигар ниёзе ба ҳузури он дар кишвар нест ва бояд дафтари худ дар Тошкандро "дар зарфи як моҳ"-и оянда таътил кунад.

Дар паи саркӯби хунини тазоҳуроти Андиҷон дар моҳи маи соли 2005 бунёди паноҳандагони СММ ба шуморе аз паноҳҷӯёни узбак кумак кард, ки дар хориҷ ҳаққи паноҳандагӣ дарёфт кунанд. Давлати Узбакистон Кумисерёи олии СММ дар умури паноҳандагонро ба паноҳ додан ба табаҳкорон ва мухолифат бо тақозои Тошканд мабнӣ бар истирдоди паноҳҷӯёни узбак аз кишварҳои ҳамсоя муттаҳам мекунад.
XS
SM
MD
LG