Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико аз демократия дар Белорус дифоъ мекунад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) гуфтааст, аз мардуми Белорус дар мубориза барои таъмини демократия дифоъ хоҳад кард. Ҷулӣ Финей-намояндаи Амрико дар иҷлоси САҲА гуфт, Вошингтон аз ормонҳои мардуми Белорус, ки мехоҳанд яке аз кишварҳои демократии ҷаҳон бошанд, ҷонибдорӣ мекунад. Финей изҳор дошт, ки ҳар гуна талош барои саркубии тазоҳуроти сулҳомези мухолифон дар майдони Октябрски Минск оқибатҳои ҷиддӣ дар пай хоҳад дошт. Вай афзуд, гирдиҳамоиҳои сулҳомез аз муқаррароти ҳуқуқи башар аст ва ҳар кишвари узви САҲА бояд ин муқарраротро риъоят кунад. Нозирони САҲА интихоботи рузи якшанбеи раёсати ҷумҳурии Белорусро ғайридемократӣ арзёбӣ карданд. Мухолифони давлати Белорус низ натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд ва мегуянд, бояд интихоботи такрорӣ баргузор шавад. Дар майдон мақомоти интизомии Белорус даст ба боздошт ва ҳабси намояндагони мухолифон задаанд. Дар миёни боздоштшудагон Ярослав Ягилло-яке аз намояндагони порламони Лаҳистон ё Полша низ будааст, ки баъдтар уро озод кардаанд ва то ин субҳ вақт додаанд, ки Белорусро тарк кунад. Шуморе аз намояндагони дигари мухолифони Белорус боздошт ва ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, Анатол Лиабецка-раҳбари Ҳизби Муттаҳидаи Шаҳрвандӣ ба 15 рузи зиндон маҳкум шудааст.
XS
SM
MD
LG