Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Озарбойҷон: 5 нафар аз зукоми мурғӣ даргузашт


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегуяд, озмоишҳои лобротуорӣ таъйид кардааст, ки дар Озарбойҷон 5 нафар бар асари ибтило ба бемории зукоми мурғӣ даргузаштаанд. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ду нафари дигар ба бемории зукоми мурғӣ гирифтор ҳастанд. Вазъи яке аз онҳо сангин аст ва дар бемористон зери назари пизишкон қарор дорад. Аз соли 2003 ба ин сӯ аз бемории зукоми мурғӣ дар саросари ҷаҳон 103 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG