Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буш: "Ироқ вориди ҷанги шаҳрвандӣ нашудааст"


Ҷорҷ Буш - президенти Иёлоти муттаҳида бо ақидае, ки дар Ироқ ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад, мувофиқ нест. Зимни суханронӣ дар як нишасти хабарӣ дар Вашингтон, Ҷорҷ Буш иқрор кард, ки хушунат дар Ироқ афзоиш ёфтааст ва аммо инро, ба гуфтаи ӯ, наметавон ҷанги шаҳрвандӣ номид. Раҳбари Иёлоти мутаҳида афзуд, ки артиши Ироқ қавию устувор аст ва ба гурӯҳҳо ҷудо нахоҳад шуд:

Гӯш кунед, мо иқрор мекунем, ки хушунат мавҷуд аст, хушунати мазҳабӣ мавҷуд аст, аммо нигоҳи мо ба вазъ ин гуна аст, ки мардуми Ироқ тасмим гирифтааст вориди ҷанги шаҳрвандӣ нашавад. Чанд омил мавҷуд аст, аз ҷумла он ки артиши вориди хушунати байнимазҳабӣ нашудааст.

Ҷорҷ Буш ҳамчунин гуфт, ки эътилоф дар мубориза бо ошубгарон дар Ироқ дастовардҳое дорад ва аммо онро даргириҳои нав интизоранд.
Дар ин нишаст Ҷорҷ Буш ҳамчунин дар мавриди барномаи ҳаставии Эрон изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ки ҷомеъаи байналмилалӣ дар робита ба ин барнома бояд устуворӣ намоиш диҳад. Ӯ ҳамчунин тайид кард, ки Вашингтон хостори музокирот бо Теҳрон аст ва аммо дар мавриди ҷилавгирӣ аз идомаи хушунати байнимазҳабӣ дар Ироқ. Қаблан Кондализа Райс - Котиби давлатии Иёлоти муттаҳида низ гуфта буд, музокирот бо мақомоти Эрон дар мавриди қатъи хушунат дар Ироқ "айни муддао" мебуд. Ва аммо дар ин музокирот мавзӯъи барномаи ҳаставии Эрон баррасӣ нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG