Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаҳои белорусӣ = эътирози сиёсӣ?


Дейзи Синделар

Дар ҷараёни инқилоби ба истилоҳ норанҷии Укроин ду соли пеш нақши мусиқӣ барои сарҷамъ овардани мардуми эътирозгар ва муттаҳидсозии ҷамъият алайҳи қонуншиканиҳои ҳукумат хеле муҳим буд. Ва аммо дар шароити феълии Белорус, ки ахиран интихоботи раёсатҷумҳуриро паси сар кард, чунин ба назар мерасад ки мусиқӣ дар ҳаёти ҷавонон ва ба вижа дар ҳаёти сиёсии онҳо нақши чандон фаъол надоштааст.

Хонум Волҳа Короткевич, мунаққиди мусиқии бахши беларусии радиои Озодӣ мегуяд, гурӯҳе бо номи ба истилоҳ "ЭН ЭР ЭМ" (яъне "Орзуи Истиқлолияи Ҷумҳурӣ") аз камтарин гурӯҳҳои ҳунариест, ки имрӯз ба забони миллии ин кишвар, яъне беларусӣ иҷро мекунад. Роҷеъ ба маъруфияти ин гурӯҳ хонум Волҳа мегуяд, имрӯз фитаҳои онро на танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Белорус, балки дар Лаҳистону Олмон ва Литва ҳам дарёфт кардан мумкин аст. Ва дар соли 2004 ин гурӯҳ дар майдони истиқлолияи Киев дар баробари нирӯҳои демократӣ тарона иҷро кардааст.

Аммо гурӯҳи "Неуро Дубел" ду сол муқаддам ба иҷрои таронаҳои беларусӣ шурӯъ намуд. Барои ин гурӯҳ забон бештар масъалаи сиёсист. Ахиран албоми таронаҳои ин дастаи ҳунарӣ зери унвони "Танкҳо" дар як рок-фестивали Белорус ҷоизаи аслиро ба худ ихтисос дод.


Таҳлилгарони мусиқӣ мегӯянд, ки дар шароити феълӣ мавзӯи забон, яъне ҷойгоҳи забони беларусӣ дар ҳунар, мусиқӣ, дар расонаҳои давлативу мустақил ҳамнавойи маҳфҳуми сиёсат ва дигарандешӣ аст. Ҳарчанд вазири иттилооти Белорус ба радиоҳои Эф ЭМ-и ин кишвар амр додааст, ки 75 дар сади мусиқиҳои худро ба забони миллӣ нашр кунанд, аммо амалан ин амр иҷро намешавад ва ҷойи онро таронаҳои русӣ гирифтаанд. Ба андешаи ҳукумат ва пуштибонони режими Лукашенко, тамоми фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ба ин забон бо мухолифину миллатгароӣ, бо ормонҳои демократии нирӯҳои озодандеш ҳаммаъно мешаванд. Дар ҳамин ҳол, хонум Короткевич мегуяд, ки барои эҷоди як навъ тавозуни фарҳангӣ, ба хотири таъсиррасонии бештар ба зеҳни ҷавонони озодихоҳ, мақомоти кишвар баъзан гурӯҳҳои русии ҳунариро ба кишвар ҷалб намуда, аз онҳо тақозо мекунанд, ба васфи раиси ҷумҳури Белорус, ки дар миёни мардум бо тахаллуси ба истилоҳ "Бацка", яъне падар маъруф аст, тарона иҷро кунанд.

Волҳа Караткевич, мунаққиди мусиқии бахши беларусии радиои Озодӣ мегӯяд, вақте мақомот гурӯҳҳои бисёр маъруф ва серхарҷи русиро вориди кишвар намуданд ва онҳо ба иҷрои таронаи "Бацка" пардохтанд, ин ҳодиса хашми гурӯҳи маъруфи миллӣ "Сябриро" барангехт. Як моҷарои сахте пеш омад. Чунки дар манти ин тарона ҳарфҳое мисли "Ба сухани Бацка гуш деҳ, кореро анҷом деҳ, ки Бацка аз ту мехоҳад" ҷо доштанд. Хабарнигори Озодӣ мегӯяд, ҳунармандони русӣ аз ҷониби ҳукумати Лукашенко маблағгузорӣ шуда буданд ва онҳо ҳам аз ӯ пуштибонӣ намуданд.


Дар Белорус мафҳуми рок бо масолии иҷтимоъиву сиёсӣ ҳаммаъно аст, чунки рок дар ҳама солу замона ва дар ҳама ҷомеаҳо маънои эътирозро дорад. На танҳо дар Белорус. Аз ҳамин хотир, дар кишвари мазкур ин гурӯҳҳо дар ташкили озоди консертҳову ҷалби толорҳои зиёди ҳаводорон ранҷ мекашанд.
XS
SM
MD
LG