Пайвандҳои дастрасӣ

Лӯлакашии гоз миёни Русияву Чин


Русияву Чин ба тавофуқ расиданд, дар тӯли панҷ соли оянда ду лӯлаи гозро бунёд намоянд, ки гози Сибирро ба бозори Чин мунтақил хоҳад кард. Чунин созиш дар натиҷаи рӯзи аввали мулоқоти Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия бо мақомоти Чин ҳосил шудааст. Баъди дидор бо ҳамтойи чиниаш Ҳу Ҷинтао раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин гуфт, қарор аст, ки солона тавассути ин лӯлаҳо беш аз 80 миллиард метри мукаъъаб гоз интиқол дода шавад. Ӯ гуфт:

"Ҳар ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки ин лӯлаҳои гоз дар самтҳои Сибири Шарқӣ ва Сибири Ғарбӣ бунёд шаванд. Дар масъалаи бунёди лӯла тавассути Сибири Шарқӣ аз назари ман ҳеҷ масъалае вуҷуд надорад"

Созишномаи мазкур яке аз чанд қарордоди муштараке мебошад, ки имрӯз дар Пекин ба имзо расидааст.
XS
SM
MD
LG