Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар фазои наврӯзӣ


Чандин ҳазор сокини пойтахти Тоҷикистон ва атрофи он рӯзи 21-уми март дар майдони "Пойтахт-80" барои таҷлили расмии ҷашни Наврӯзи имсол ҷамъ омаданд. Дар як гӯша дастурхони ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, дар гӯшаи дигари он бонувон суманак пухта буданд. Овозхонону мутрибон барномаҳои ҳунарӣ иҷро мекарданд. Дар ин ҷашнгоҳ ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур доштанд. Эмомалӣ Раҳмонов дар паёми наврӯзии худ ба мардуми кишвар гуфт, омадани Наврӯзи имсол бо барномаҳои ифтитоҳи нақби Анзоб рост омад.


"Мо дар таърихи чандинҳазорсолаи миллатамон ҳамаи минтақаҳои ватанамонро ба ҳам пайванд хоҳем дод. Роҳкушоӣ ва сохтмони роҳҳо ба яке аз меъёрҳои давлатдории мо табдил ёфтааст. 23 март нақби Анзоб ба истифода дода мешавад ва сотмони нақбҳои дигар оғоз хоҳад ёфт".

Дар ҷашни Наврӯз аҳли илму адаб, сокинони пойтахт ва намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин меҳмонон аз кишварҳои хориҷа ва Афғонистону Эрон ҳузур доштанд. Яке аз меҳмонони ҷашни наврӯзӣ шоири эронӣ Меҳрӣ Муттакӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, барои нахустин бор ба Тоҷикстон омадааст ва шод аст, ки Нарврӯзро бо мардуми меҳмондӯсти тоҷик пешвоз мегирад.

"Ман дар чандин кишварҳои ҷаҳон будам, аммо дар ягон ҷо чунин бароям хуш нагузаштааст. Мардуми воқеан хубу дустдоштанӣ доред".

Чанд сокини пойтахт дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, Наврӯзи имсола бо шукӯҳу шаҳомати хоссааш аз Наврӯзи солҳои гузашта фарқ мекунад. Дар идомаи базми наврӯзӣ ҳамчунин намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои мухталиф, аз беҳтарин таронаи наврӯзӣ, таомҳо ва суннатҳои қадимаи миллӣ баргузор шуд. Дар нимаи дуввуми рӯз, дар варзишгоҳи марказии пойтахт мусобиқаи гӯштигирӣ бо иштироки беҳтарин варзишкорони тоҷик баргузор гашт. Тибқи барномаи ҷашнии ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 22 март таҷлили ҷашни Наврӯз дар шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт низ идома меёбад.
XS
SM
MD
LG