Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ришвахорӣ дар мақомоти интизомии Суғд


Додситонии Суғд дар ин бора бо нашри як иттилоия эълон дошт, ки нисбати Ёрмаҳмад Шаитбоев, сарёвари сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исфара барои гирифтани пора ба маблағи 100 доллари амрикоӣ ва корманди идораи милисаи Мастчоҳ - Дилмурод Эшбеков барои пораҷӯӣ ба маблағи 500 сомонӣ аз як сокини ин маҳал ва се корманди интизомии шаҳри Конибодом дар пайи рӯёнидани пора ба маблағи 1000 доллари амрикоӣ бо айби ришвахорӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст. Тавре дар иттилоияи додситонӣ омадааст, мавридҳои ришвахорӣ аз ҷониби кормандони милисаи Суғд ба ҳам монанд ҳастанд. Кормандони милиса дар Мастчоҳу Исфара ва Конибодом бо истифода аз мақоми хидматӣ хостаанд ҷурмҳои нокардаро ба дӯши нафарони бегуноҳ ва ё таҳти тафтиши худ таҳмил кунанд. Масалан, се милисаи Конибодом дар ҳамдастӣ ба хотири ба даст овардани ришва як сокини маҳаллии аз муҳоҷирати кории Русия ба зодгоҳаш баргаштаро таҳдид кардаанд, ки ӯ дар ҷанҷол ва дуздӣ даст дорад ва агар хоҳад, ки нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карда нашавад, ба милисаҳо ба маблағи ҳазор доллари амрикойӣ пора диҳад.

Ба вуҷуди қонуншиканиҳои зиёд аз ҷониби кормандони интизомии Суғд, ахиран Саид Ҷӯрахонов, муовини аввали сардори раёсати умури дохилаи Суғд зимни як нишасти хабарӣ ишора кард:

«Дар муддати ду моҳи аввали соли равон беш аз 50 корманди интизомии вилоят қоидаҳои интизоми хидматӣ ва қонуниятро вайрон намуданд. 49 нафар корманди раёсат ва шӯъбаҳои корҳои дохилӣ қоидаҳои интизоми хидматиро вайрон карданд, 2 тан ба қонуншиканӣ ва як тан ба ҷиноят даст задаанд».

Вале оё боздошти нафарони алоҳида дар барҳам задани ришвахорӣ, масалан дар сохторҳои интизомии кишвар, то кадом андоза чораи муаасир буда метавонад?

Ислом Ваққосов, ҳуқуқшиноси мутақили Суғд бар он аст, ки бо роҳи боздошт ва ба маҳкама кашидани нафарони алоҳида намешавад аз густариши ришваю фасодхорӣ дар ҷомеа, аз ҷумла дар мақомоти интизомӣ пешгирӣ кард:

«Ин проблемаи глобалӣ аст. Бо боздошти як–ду нафар бо ришвахорӣ мубориза карда намешавад. Агар мо дар ҳақиқат бихоҳем, ки бо коррупсия мубориза барем, бояд он ҳодисаҳоеро, ки дар ин самт ба амал омада истодааст, ба гӯши мардум расонем. Мебояд шаффофиятро таъмин кунем, то мардум бубинад, ки масалан як корманди милиса, гумрук, андоз ва ё мақомоти дигар аз одамон пул - ришва мегирад».

Ба бовари аксари коршиносони Суғд, решаи аслии ришвахорӣ дар пастии сатҳи зиндагии мардум, камии маош ва даромади молии кормандони идораву корхонаҳо, ба хусус муассисаҳои давлатӣ нуҳуфтааст. Масалан, як корманди мақомоти интизомӣ бо 100 сомонӣ моҳонае, ки аз буҷаи давлат мегирад, чӣ тавр метавонад худ ва аҳли хонаводаашро аз нигоҳи молӣ таъмин намояд? Абдувосит Салимзода, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд:

«То он замоне, ки сатҳи иқтисодии мардум беҳбуд наёбад ва маош то ҳадди он нашавад, ки одамон зиндагиашонро пеш баранд, ин фасодкориву порагирӣ дар ҷомеа хоҳу нохоҳ, бо кадом роҳе, ки бошад, идома хоҳад дошт. Ҳатто чунон роҳҳои ришвахориро пайдо мекунанд, ки на ҳамеша мақомоти дахлдор метавонанд ошкор кунанд».

Коршиносони маҳаллӣ дар мавриди вуҷуди ришвахорӣ дар байни кормандони мақомоти интизомӣ мегӯянд, бархе аз кормандони милиса бидуни маълумоти касбӣ дар ин мақомот фаъолият мекунанд ва ин ҳолат роҳи густариши ришвахорӣ дар ин мақомотро боз гузоштааст.
XS
SM
MD
LG