Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

UNHCR дафтарашро дар Тошканд мебандад?


Кумисарёи Олии СММ дар умури паноҳандагон гуфтааст, Узбакистон ба намояндагии ин ниҳод як моҳ вақт додааст, то дафтари худро дар Узбакистон бибандад ва фаъолияташро дар ин кишвар қатъ кунад. Дар ин бора вазорати хориҷаи Узбакистон ба кумисарёи мазкур хабар додааст. Намояндагии Кумисарёи Олии СММ дар умури паноҳандагон дар Узбакистон баъд аз руйдодҳои Андиҷон ба садҳо нафар кумак кардааст, ки дар кишварҳои хориҷӣ аз ҳақи паноҳандагӣ бархурдор шаванд.
XS
SM
MD
LG