Пайвандҳои дастрасӣ

Аз забони як ҷавони белорус


Шоми душанбе ҷумбиши муқовимати ҷавонон бо номи "Зубр"., ин гурӯҳ ва дигар аҳзобу ҳаракати мухолифини Беларус дар майдони Октябри шаҳри Минск тазоҳуроти эътирозии худро алайҳи натиҷаҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ ташкил намуданд. Олес Орашенков, як узви фаъол ва котиби матбуотии ин ҷумбиш розӣ шуд ба саволҳои барномаи Ояндасоз посух диҳад. Аз ӯ пурсидам, талаби аслии тазоҳургарон чист?

Олес Орашенков: "Талаби мо ин аст, ки тамоми баргаҳои рой аз нав ҳисоб карда шаванд ва агар ин ғайримумкин буд, пас ройдиҳии дубора сурат гирад. Мо талаб дорем, ки ба мо натиҷаҳои интихоботи озодро пешкаш кунанд, мо намедонем, ки оё бо кадом роҳ комисиюни интихобот чунин натиҷаҳоро пешкаши мо мекунад, аммо фикр мекунам, ки ин ниҳод бояд худаш тасмим гирад, ки бо чӣ роҳ иштибоҳҳои худро ислоҳ хоҳад кард. Садои мо бояд чунон баланд бошад, ки на камиссиюни интихобот ва на дигар мақомоти давлатӣ ёройи сарфи назар кардани садои моро надошта бошанд"

Ояндасоз: Олес, интизори шумо чист - чӣ теъдод ҷамъияти Беларус аз шумо пуштибонӣ мекунаду даъвати майдонро мепазирад?

Олес Орашенков: "Мо, албатта, умед дорем, ки мардуми зиёд ба намоиши мо ҳозир хоҳад шуд. Дируз, новобаста ба ин ки мақомот мардумро алайҳи мо таблиғ мекарданду ҳатто овозаҳоеро мисли таркишҳову амалиёти террористӣ паҳн мекарданд, ҳазорҳо нафар тарсу ҳароси худро фуру нишонда дар ҳамоиши мо ҳозир шуданд. Аз ҳамин рӯ умедворем, ки имрузу рузҳои минбаъда ҳам мардуми зиёд ҷамъ омада ва бекор шудани натиҷаҳои интихоботро талаб хоҳанд кард"

Ояндасоз: Аслан мухолифин ба пуштибонии кадом нируҳо умед мебанданд?

Олес Орашенков: "Имрӯз лаҳзае расидааст, ки нақши мардум, шаҳрвандони маъмулӣ хеле боло рафтааст. Вақти он расид, ки мардум эътирози худ, иродаи қавии худро намоиш диҳанд, ки то куҷо аз хостҳои худ ҳимоят мекунанд. Мо солиёни зиёд дар ин самт фаъолият кардем ва дуруст аст, ки танҳо бо талоши созмонҳову ҷунбишҳои сиёсӣ намешавад ба ҳадаф расид. Иродаи қавии мардум ва доираҳои васеи ҷомеа лозиманд, ки як таҳаввуле сурат бигирад. Мо ҳар кори мумкинро анҷом додем ва дар оянда ҳам фаъолиятҳои худро идома хоҳем дод, аммо ҳарфи аслиро бояд мардум бигуяд"

Ояндасоз: Олес, оё шумо ин эҳтимолро мебинед, ки эътирозҳо метавонанд ба хушунат гараванд?

Олес Орашенков: "Албатта чунин хатар вуҷуд дорад. Аммо агар ҳамоиши дирузаро ба ёд оварем, мебинем, ки ҳама бо як руҳияи сулҳомез ҷамъ омада буданд. Ман ба чеҳраҳои кормандони нируҳои интизомӣ менигаристам ва баъдан ҳамроҳ бо чанд нафарашон дар як трамвай ба хона бармегаштам. Ман дидам, ки дар зеҳни онҳо як тағйироте сурат мегирад, онҳо базудӣ дар фикри он мешаванд, ки мавқеи худро тағйир диҳанд. Онҳо медиданд, ки дар майдон на афроди авбошу террорист ва на ҷосусҳои Ғарб ҷамъ омадааст, балки онҳо шаҳрвандони ҳақиқии кишвар ҳастанд, ки аз сарнавишти кишварашон дар изтироб ҳастанд"

Ояндасоз:Аксар таҳлилгарон мегӯянд, агар эътирозе ҳаст, бештар иҷтимоист, то сиёсӣ. Оё ин дуруст аст?

Олес Орашенков: "Вазъи иқтисодии Беларус чандон бад нест, мардуми Беларус ҳеҷ гоҳ зиндагии бад надошт. Аммо ин хизмати Лукашенко нест, балки заҳмату талошҳои падару бобоёни мо аст. Маоши миёнаи мардум 100-200 доллар аст. Аммо бубинед, ки чӣ таҳаввулоте ҳамдунаро ба инсон табдил дод - ин ба истилоҳ хоҳиши шадиди чашидани банани ширинтар буд. Мардум ҳам мехоҳад, ки зиндагии худро беҳбуд бахшанд ва на он ҷонзоде бошад, ки бишинаду ба шароити мавҷуда қатоат кунад ва он чиро бихурад, ки барояш медиҳанд. Албатта мо мехоҳем зиндагии беҳтару хубтар дошта бошем"
XS
SM
MD
LG