Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба Наврӯз омодагӣ мебинад


Таҷлил аз Наврӯз дар Душанбе субҳи рӯзи бисту якум дар боғи тозабунёди тафреҳиву фарҳангии «Пойтахт-80» ва Амфитеатри Душанбе бо баргузории як барномаи фарҳангӣ шурӯъ мешавад. Масъулин мегӯянд, барномаи наврӯзӣ рангоранг буда дар он куллия суннатҳои наврӯзӣ ҷо хоҳанд дошт. Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдории Душанбе мегӯяд, ҳамчунин, дар рӯзи 21 март дар базмгоҳи наврузӣ озмунҳои гуногун, монанди мусобиқаи «Маликаи Наврӯз», озмуни пӯшишҳо ва ғизоҳои миллӣ, сабқатои таронаҳои наврӯзӣ баргузор хоҳад шуд. Шоми он рӯз ҳамчунин, дар варзишгоҳи «Спартак» мусобиқаи гуштигирӣ доир мешавад. Бино бар гуфтаи сухангӯи шаҳрдорӣ, дар ин чорабиниҳо ширкати раҳбари кишвар дар назар аст ва яке аз вижагиҳои барномаи бузургдошти Наврӯзи имсол ин аст, ки бино ба тасмими шаҳрдорӣ аз буҷаи ҳукумати шаҳр, якуним ҳазор сомонӣ барои ҳар як маҳаллаи марказ ва атрофи пойтахт ҷиҳати таҷлил аз Наврӯз ихтисос дода шудааст. Дар рӯзи саввуми ҷашн, 23-юми март дар пойтахт сайругашти идона дар назар аст. Рӯзҳои 21, 22 ва 23 март рӯзҳои истироҳат эълон шудааст. Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз дар шаҳри Душанбе ҳамзамон маросими гузоштани санги аввал дар бунёди як интернет - кафе, ки бо сармоягузории шаҳри Боулдери ИМА сохта мешавад, баргузор хоҳад шуд. Ин интернет кафе ҷавобан ба чойхонае бунёд хоҳад шуд, ки Душанбе барои бародаршаҳри амрикоии худ сохта буд.
XS
SM
MD
LG