Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ 17 шаҳрванди Афғонистонро маҳкум ба ҳабс кард


Додгоҳи вилояти Хатлон 17 шаҳрванди Афғонистон ва 2 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аъзои се гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будаанд, ба мӯҳлати аз дуним то 25 сол равонаи зиндон кардааст. Ҷамолхон Саидов, ноиби аввали раиси Додгоҳи вилояти Хатлон ба радиои Озодӣ гуфт, ин афрод тайи даҳ соли ахир дар қаламрави Тоҷикистон ба куштор, хариду фурӯши инсон ва аслиҳа, қочоқи маводди мухаддир, инчунин убури ғайриқонунии марз ва авбошӣ машғул будаанд: "Онҳо се шаҳрванди Тоҷикистонро моҳи сентябри соли 2004 ва дафъаи дуюм ду шахси болиғ ва як ноболиғро дар моҳи декабри соли 2004 гарав гирифта, ба Афғонистон бурдаанд, ки як нафарашон зан буд. Мақсадашон аз ин кирдор ин будааст, ки онҳоро фурӯхта, маводди мухаддир харидорӣ кунанд ё бар ивази қарзашон шаҳрвандони гаравгонро медоданд.
Саидов ҳамчунин гуфт, дар аснои тафтиш муайян шудааст, ки аъзои ин даста дар қатли корманди пулиси ноҳияи Шӯрообод, 250-километрии пойтахти Тоҷикистон даст доштаанд. Шаҳрвандони Афғонистон дар соли гузаштаи 2005 аз сӯйи мақомоти интизомии вилояти Хатлон боздошт гардида, шумори афзуни онҳо аз 16 то 25 сол аз озодӣ маҳрум шудаанд.
Носирҷони Маъмурзода, шаҳри Қӯрғонтеппа
XS
SM
MD
LG