Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наврӯз дар дили Русия


шаҳри Маскав Дар ҳоле ки нахустин бор Наврӯз ба таври расмӣ ва бо ширкати ҳукумати шаҳри Маскав ид мешавад, дар Петербург ва вилояти Краснодар тайи солҳо суннатҳои наврӯзии ин манотиқ шакл гирифтаанд.

Барои авалин бор аст ки иди Наврӯз дар шаҳри Маскав ба таври расми ҷашн гирифта мешавад. Бо иҷозаи шаҳрдори Маскав Юрий Лужков ин ҷашн дар Намоишгоҳи марказии Русия таҷлил мешавад. Дар ин ҷашн ҷаъмиятҳои миллии мухталифи муқими Маскав аз ҷумла тоҷикон, эрониҳо, озарбойҷониҳо ва ғайра ширкат мекунанд.Хуршедаи Даврондухт аз маркази фарҳанги Тоҷикистон дар Маскав барномаи ин ҷашнро чунин шарҳ дод: «Аввалаш, ки намошгоҳи хеле бузург мешавад. Ду консерт медиҳанд якум тамоми ин диаспораҳо консерт медиҳанд, ва дар қисми дувум ҳар як диаспора алоҳида консерт медиҳад. Дар дувум қабати ҳамин толор ошхонаҳои миллии диаспораҳо мешавад, дар синамоҳо низ филмҳои миллӣ баргузор мегардад, масалан, филми филмбардори тоҷик Шукрали Бураев бо номи умедворӣ нишон дода мешавад. Ҳамчунин дар намоишгоҳ либосҳои милии тоҷикон бо кӯшиши беҳтарин мутахассиси либоси милии тоҷикон Юлия Хижняк ташкил мешавад. Дар он ҷо асарҳои наққошони тоҷик Сӯҳроб Қурбонов ва Қодир Раҳимӣ нишон дода мешавад.»
Ҷамъияти тоҷикони муқими Санкт-Петербург низ ҳамасола иди Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати бузурге ҷашн мегиранд. Назари Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони муқими Санкт-Петербург мавсум ба «Сомониён» гуфт, ки ин ҷашн дар Донишгоҳи «Смолнии» шаҳри Санкт Петербург баргузор мешавад. Ба гуфтаи Назари Мирзода ин идро дастаи ҳунарии «Гулчини роз» бо раҳбарии Раҳматулло Исматов шукӯҳи бештаре мебахшад. Худи Раҳматулло Исматов дар ин бора гуфт: «Чаҳор сол аст, ки мо дар Санкт-Петербург ҳунарнамоӣ мекунем. Мо дар гурӯҳ 10 нафар ҳастем ва барои Навруз барномаи «Наврӯзи Оворагон"-ро омода кардем. Гурӯҳи мо ҳирфаӣ нест. Дар он омӯзгорон, бинокорон, табибон, донишҷӯён, мисли Сӯҳроб Саидов, Худойназар, Нигина, Маҳмадрӯзӣ, Сайидаҳрор ширкат мекунанд. Барномаи мо фолклорию этнографист ва аксари суруду рақси мо аз ганҷинаи мардумӣ гирифта шудаанд.»
Ҳамчунин Наврӯз дар вилояти Краснодари Федерасиюни Русия низ ба таври шукӯҳманд ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ба ибтикори бахши минтақаии Тоҷик-Диаспора дар вилояти Краснодар баргузор мегардад. Хуршед Ғуломшоев, раиси бахш дар вилояти Краснодар мегӯяд: «Барномаи наврӯзиро мо дар ресторани «Чорманор» ташкил кардаем бо ҳама он урфу одатҳое ки дар Тоҷикистон ҳаст фақат гуштингириро ташкил накардаем лекин Ҳафт Шин ва суманак дуруст кардаем ва ҳар чизе ки Иди Наврӯз талаб дорад. Мо ҳунармандони тоҷикро аз шаҳри Бухоро даъват кардаем, ба ғайри аз ин зиёда аз 150 нафар меҳмон даъват кардаем».
Ба гуфтаи Хуршед Ғуломшоев дар ин рӯз ҷашнвораҳои ҳунарӣ ва варзишӣ баргузор мешавад ва ба ғолибон ҷоизаҳли наврӯзӣ тақдим мегардад.
XS
SM
MD
LG