Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусобиқоти наврӯзӣ


Дар рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз дар саросари Тоҷикистон мусобиқот дар риштаҳои мухталифи варзиш баргузор хоҳад шуд. Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи тарбияти бадан ва варзиши шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 21 март дар Боғи навбунёди «80-солагии пойтахти Тоҷикистон» мусобиқаи гуштии миллӣ бо ширкати паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар доир мешавад. Ҳамчунин дар сабқати паҳлавонии наврӯзӣ ширкати гуштигирони Узбакистон дар назар аст. Ғолибони рақобатҳо бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо ва зӯртарин гуштигири мусобиқа бо мошини сабукрав сарфароз мегардад.

Як хабари дигар. Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба армрестлинг ё дастхобонӣ бахшида ба Иди наврӯз, ки дар толори меҳмонхонаи «Вахш»-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо пирӯзии Тоҳир Тоҳиров аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд хотима ёфт. Вай дар рақобати ниҳоӣ бар ҳамшаҳрии худ Фарҳод Очилов ғолиб омада, унвони қаҳрамони мутлақи мусобиқаро соҳиб гашт. Фарҳод Очилов мақоми дуввум ва Эраҷ Холов аз Душанбе мақоми севвумро касб карданд.

Ва хабари охирин барои мухлисони футбол.
Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои занона, ки дар варзишгоҳи Донишкадаи варзиши шаҳри Душанбе доир шуд, бо ғалабаи тими мунтахаби вилояти Суғд ба анҷом расид. Дастаи шаҳри Қӯрғонтеппа мақоми дуввум ва тими шаҳри Душанбе мақоми севвумро ишғол карданд.
XS
SM
MD
LG