Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Иттиҳодияи Аврупо аз интихоботи Белорус


Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, интихоботи президентии 19-уми марти Белорус "дар фазои тарсу таҳдид" ҷараён гирифт. Масъули робитаҳои берунаи ин созмон Бенито Ферйеро-Валднер гуфт, ба эҳтимоли қавӣ Иттиҳодияи Аврупо зидди Белорус бархе аз таҳримҳои нав эълон хоҳад кард.
Вазири корҳои хориҷии Австрия Урсуло Плассник, ки кишвараш раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупо бар ӯҳда дорад, гуфт, мухолифони белорус дар рафти маъаракаҳои интихоботӣ "пайваста таҳти таҳдид" қарор доштанд.
Ин изҳороти Плассник дар ҳоле садо дод, ки вай ба Бруссел барои гуфтушунид бо ҳамтоёни худ дар Иттиҳодияи Аврупо омада буд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Чех Кирил Свобода низ интихоботро "ғайриодилона ва ғайридемократӣ" номид.
Вазирони Иттиҳодияи Аврупо қарор аст, имрӯз интихоботи Белорус ва ҳамчунин дурнамои ёриҳои молиро ба Фаластини худгардон баррасӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG