Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Р. Зойиров: "Дар Тоҷикистон тақрибан ҳазор маҳбуси сиёсӣ ҳаст"


Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) бо интишори як гузориш аз афзоиши мавориди маҳкумиятҳои сиёсӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кардааст. Раҳматулло Зойиров-раиси ҲСДТ, ки дар нишасте ба ифтихори ҳаштумин солгарди таъсиси ин ҳизб сухан меронд, гуфт, ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор нафар барои ақидаҳои сиёсиашон маҳкум ба зиндон шудаанд. Ба гуфтаи оқои Зойиров, ҳамакнун дар Тоҷикистон 5 % зиндониёни кишварро ононе ташкил медиҳанд, ки барои ақидаи сиёсӣ равонаи зиндон шудаанд: «Мо дар ҳоли таҳияи санади махсус доир ба маҳбусини сиёсӣ дар Тоҷикистон ҳастем. Дар робита бо ин мавзӯъ қасд дорем, рӯзҳои наздик баёнияи вижае омода сохта, дар ин замина як нишасти алоҳида баргузор намоем. Фикр мекунам, чунин баёния на дертар аз 8-уми апрели соли равон таҳия ва интишор меёбад.»
Оқои Зойиров зимни ишора ба мавориди мушаххаси маҳкумиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон гуфт:
«Бо таваҷҷӯҳ ба ҳабси пурсару садои рӯзноманигор Ҷумъабой Толибов метавон аз ӯ ба унвони маҳбуси сиёсӣ ёд кард. Ҳабси Файзинисо Воҳидова, мақоми аршади ҲСДТ дақиқан ҷанбаи сиёсӣ дошт. Бидуни шубҳа вуҷуди ангезаи сиёсӣ дар қазияи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон низ аён аст. Ҳамчунин Ёқуб Салимов, агар иддаъои раиси ҷумҳурӣ ва ташкили ҳизб намекард, ӯ низ ба зиндон кашида намешуд. Маҳкум ба зиндон шудани Рустам Файзиев, муовини раиси Ҳизби сабти номнашудаи "Тараққиёт" ҳам ғайр аз ҷанбаи сиёсӣ асоси дигаре надорад».
XS
SM
MD
LG