Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози соли чоруми ҷанг дар Ироқ


Дируз дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар робита бо севумин солгарди оғози ҷанги Ироқ мардум даст ба тазоҳуроти эътирозӣ занданд. Бино ба гуфтаи пулис, дар Лондон ҳудуди 15 ҳазор нафар дар Майдони Трафалгер ба тазоҳуркунандагон пайвастанд. Дар Испонё ҳудуди 4 ҳазор тазоҳуркунанда раҳпаймоӣ анҷом доданд. Дар Бруксел тақрибан 2 ҳазор нафар дар назди сафоратхонаи Амрико гирдиҳам омаданд. Дар Прог-пойтахти Чех ҳудуди 50 нафар дар даст шиъорҳои зиддиҷангӣ доштанд. Дар Токио садҳо нафар дар ҷараёни тазоҳурот тақозо карданд, ки нируҳои Ҷопон аз Ироқ фаро хонда шаванд. Дар Сеул тақрибан ҳазор нафар хостанд, ки нируҳои Курёи Ҷанубӣ аз Ироқ ба Ватан баргарданд. Дар Чикагои Амрико низ ҳудуди 7 ҳазор нафар дар ҷараёни раҳпаймоӣ тақозо карданд, ки нируҳои Амрико ба таври фаврӣ аз Ироқ хориҷ шаванд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти баландпояи Амрико аз ояндаи Ироқ изҳори хушбинӣ карданд ва гуфтанд, ки ҷанги Ироқ режими Саддом Ҳусейнро сарнагун кард. Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки як барномаи дарозмуддати ҳали буҳрони Ироқро таҳия кардааст:

"Мо стротежиеро дар пеш гирифтаем, ки ба пирузӣ дар Ироқ ҳидоят мекунад. Ин пирузӣ амнияти ин кишварро таъмин хоҳад кард, сулҳро барои насли оянда фароҳам хоҳад сохт".


Аммо дар худи Ироқ намояндагони гуруҳҳои аслии сиёсӣ дируз ба тавофуқ расиданд, ки роҷеъ ба таркиби Шурои Амнияти Миллии Ироқ ба мушовира менишинанд.
XS
SM
MD
LG