Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милошевичро имрӯз ба хок месупуранд


Қарор аст, ҷанозаи Слободан Милошевич, раҳбари собиқи Югославия имрӯз дар зодгоҳаш, шаҳри Пожаревас, воқеъ дар шарқи пойтахти Сербия шаҳри Белград ба хок супурда шавад. Ба эҳтимоли ғолиб, ҳамсари ӯ Миряна ва фарзандаш Марко дар ин маросим ширкат нахоҳанд кард. Мақомоти Белград Миряна Милошевичро бо иттиҳоми тахаллуфот дар маърази ҷустуҷӯ гузоштаанд.

Бо ин ҳол, Додгоҳи байналмилалии Лоҳа дирӯз иддаои тарафдорони Слободан Милошевич дар бораи эҳтимолан заҳролуд шудани вай дар боздоштгоҳи Лоҳаро радд кард. Раиси Додгоҳи Лоҳа Фаусто Покар ба хабарнигорон гуфт, ташхиси токсиколоҷӣ ҳеҷ нишонаи заҳролуд шуданро дар бадани Милошевич пайдо накардааст.

Слободан Милошевич, ки аз соли 2002 дар боздоштгоҳи Лоҳа ба сар мебурд, ҳафтае пеш дар зиндон вафот кард.
Фавти Милошевич сарусадоҳоро дар бораи эҳтимоли ҷабран кушта шудани ӯ баландтар кард.
XS
SM
MD
LG