Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тозаҳои созу овози ин ҳафта


Дориюш

Дуруд бар шумо!

Хуб, агар бихоҳем яке аз хабарҳои ҳафтаи гузаштамонро пайгирӣ кунем, бояд бигӯям, ки саранҷом Майкл Ҷаксон - ситораи попи Омрико маҷбур шуд хонаву кошонаи бошукӯҳаш мавсум ба Неверланд ё Нокуҷоободро бибандад, то бад-ин гуна битавонад қимати газофи муроқибат аз ин коху мазраъаро коҳиш бидиҳад.

Ҳатман шунавандагони хушзеҳни мо дар ёд доранд, ки хабари ҳафтаи гузаштамон чи буд. Агар фаромӯш шуда, боке нест. Гузориш шуда буд, ки мақомоти қазоии Колифурниё аз Майкл Ҷаксон тақозо кардаанд, ки Нокуҷоободашро таътил кунад, чаро ки қодир ба пардохти махориҷи он нест. Ва ҳоло Майкл Ҷаксон беш аз 300 000 дуллор воми худро ба коргарони собиқаш пардохта, ҷаримаро ҳам дода ва бо оромиши хотири комил (шояд ҳам нисбӣ) дар Баҳрайн ба сар мебарад.

Гурӯҳи ҳунарии The Smiths як муъомилаи 5 милюн дуллориро рад карда ва пешниҳоди ба ҳам омадани ин гурӯҳи парокандаро напазируфтааст. Ин гурӯҳи омрикоӣ соли 1987 парешон шуд. Аммо ахиран ширкате барои ба ҳам омадани 4 узви он ва ҳузури гурӯҳ дар ҷашнвораи Коачеллаи Омрико 5 милюн дуллор пешниҳод карда. Манкуниан Моррисей - овозхони ин гурӯҳи парешон гуфтааст, ки ҳич маблағе ин гурӯҳро дубора ба ҳам нахоҳад овард. Аҷиб аст. Намедонам, ин бачаҳо бо якдигар чи кор карданд, ки дигар ҳозир нестанд ба ҳич шарте канори ҳам рӯи саҳна бираванд.

Фил Коллинз - овозхони баландовозаи мусиқии рок, ки воқеъан, ҳам овозу ҳам овозаи баланд дорад, аз севвумин ҳамсараш ҳам ҷудо шуда. Манзур ин нест, ки оқои Коллинз ҳамзамон се-то зан дошта. На. Балки барои севвумин бор аз ҳамсараш ҷудо шуда. Хонуми оқои Коллинз Ориан ҳам ин хаббаро таъйид карда ва гуфта, ки аз оғози соли ҷорӣ зану шавҳар дигар бо ҳам зиндагӣ намекунанд. Издивоҷи онҳо соли 1999 сурат гирифта буд ва бо ҳам ду фарзанд доранд, ки фикр намекунам аз ин тасмими падару модарашон хушҳол бошанд.

Ва аммо барои шумо орзуи мо ин аст, ки бо дӯстону ҳамдамону ҳамсаротон ҳамеша дар пайванде ширин бошед. То фурсате дигар мувозиби худатон бошед!
XS
SM
MD
LG