Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тахриби канисо ба таъхир гузошта шуд


Мақомоти Тоҷикистон тахриби ягона канисои яҳудиҳо дар шаҳри Душанберо ба таъхир гузоштанд. Михаил Абдураҳмонов, рабии канисо ба хабаргузории Ассошейтед пресс гуфтааст, ҳалли сарнавишти ибодатгоҳ ба нимаи дуввуми сол вогузошта шуд, зеро ҳанӯз баҳсҳо дар атрофи ба кӣ ваё кадом идора мутаалиқ будани ин бино поён наёфтаанд. Канисои яҳудиҳо, ки дар маркази пойтахт воқеъ аст, тибқи тарҳи шаҳрдорӣ бояд аз байн бурда шавад, зеро дар мавзеъе ҷойгир аст, ки он ҷо бояд Қасри миллат бунёд шавад. Михаил Абдураҳмонов мегӯяд, тибқи асноди зери дасти ӯ, бинои канисо соли 1951 миллӣ шуда барои истифодаи бидуни мӯҳлат ба ихтиёри ҷамоаи яҳудиҳои Тоҷикистон вогузошта шудааст. Ва аммо шаҳрдории Душанбе иддао дорад, ки аз соли 1980 ба ин сӯ бино моли ҳукумати пойтахт маҳсуб мешавад.
Ба иттилоъи Ассошейтед пресс, мақомоти Тоҷикистон хабари ба таъхир уфтодани тахриби канисоро тайид карданд ва аммо аз ибрози ҷузъиёти дигар худдорӣ мекунанд.
Тахриби канисо моҳи феврал шурӯъ гардид ва аммо зери фишори ҷамоаи яҳудиҳо мавқуф гузошта шуд.
Рабии канисо Михаил Абдураҳмонов ба Ассошейтед пресс гуфтааст, ки ҷамоаи яҳудиҳо айни ҳол аз 360 нафар иборат аст ва барои бунёди канисои нав маблағи зарурӣ надорад.
XS
SM
MD
LG