Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Белорус нашрияи кумунистҳо боздошт шуд


Дар ҳоле, ки ба интихоботи рузи якшанбеи раёсати ҷумҳурии Белорус вақт хеле кам мондааст, мақомоти интизомии ин кишвар чопи шумораи ахири рузномаи бонуфузи Белорусро боздошт кардаанд. Бино ба маълумоти бахши Белорусии Родюи Озодӣ, ин шумораи рузномаи "Товариш" ба теъдоди 200 ҳазор нусха ба нашр расидааст ва кормандони пулис гуфтааанд, нашрияи мазкур барои чоп асноди зарурӣ надоштааст. Рузномаи "Товариш" нашрияи Ҳизби Кумунисти Белорус аст, ки бо давлати кунунии Белорус дар мухолифат қарор дорад. Шумораи ахири рузнома дар гаражи Сергей Калякин-раиси ҳизби мазкур боздошт шудааст. Мақомоти пулис ба дари гараж низ муҳр задаанд. Калякин ба бахши Белорусии родюи Озодӣ гуфт, мақомот нахостаанд, ин шумора дар остонаи интихоботи 19-уми апрели раёсати ҷумҳурӣ ба дасти хонандагон бирасад. Дар шумораи кунунии ин рузнома барномаи интихоботии Александр Милинкевич-номзади аслии мухолифон ва рақиби аслии Александр Лукашенко-раиси ҷумҳурии кунунӣ чоп шуда буд. Аз барномаҳои Милинкевич ҳамаи аҳзоби мухолифи Белорус ҷонибдорӣ мекунанд. Вай мегуяд, ҳар чиро, ки бо мухолиин иртибот мегирад, мақомоти Белорус онро маҳдуд ё мамнуъ мекунанд ва метарсанд, ки дар ҷараёни интихобот контролро аз даст надиҳанд:

"Мақомот аз ҳар чиз метарсанд. Онҳо хеле дар ҳаросанд. Муҳиташон пурҳарос аст. Зиндагии онҳо тарсу ҳарос аст".

Бо назардошти вазъи интихоботӣ дар Белорус Васлав Ҳовел-собиқ раиси ҷумҳури кишвари Чек ва Лех Валеса-раиси ҷумҳури Лаҳистон аз маҳофили байналмилалӣ хостаанд, аз нируҳои сиёсии мухолиф дар Белорус ҷонибдорӣ кунанд. Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон низ хостааст, алайҳи давлати Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури кунунии Белолрус таҳрими сиёсиву иқтисодӣ эълон шавад. Аз суи дигар, нируҳои амниятии Белорус гуфтаанд, агар мухолифон даст ба тазоҳуроти эътирозӣ зананд, тазоҳуроти эътирозӣ амали террористӣ арзёбӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG