Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди мақоми кубоӣ аз Душанбе


Эумилио Кабалеро Родригес, муовини аввали вазири хориҷаи Куба рӯзи ҷумъа бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон мулоқот дошт. Дар ин мулоқот, ба қавли дипломати баландмақоми кубоӣ, ҷонибҳо роҷеъ ба дурнамо ва имконоти роҳандозии ҳамкориҳои тарафайн, аз ҷумла, дар бахшҳои иҷтимоъиву иқтисодӣ табодули афкор намуданд. Кабалеро Родригес гуфт, ду кишвар бо эҷоди равобити судманд имкон доранд, дар заминаҳои мухталиф ҳамкорӣ намоянд.

«Барои мисол ин имкон вуҷуд дорад, ки Тоҷикистону Куба бо ҳам дар заминаи фановариҳои биотекнолоҷӣ, бахше, ки ба истифодаи муқаррароти зистшиносӣ ва мошиноолот сару кор дорад, ҳамкорӣ намоянд. Аз сӯи дигар, дар ин самт метавон аз саноеъи дорушиносӣ дар Куба ёд кард. Зеро ин соҳа яке аз бахшҳои пешрафтаи кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамасола дар Куба миқдори зиёди дору ва воксин тавлид мешавад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, дар заминаи ҳамкории муштарак метавон тавлиди дору ва воксинҳои мухталифро дар ин ҷо, дар Тоҷикистон низ ба роҳ монд. Фикр мекунам, ин на фақат ба нафъи Тоҷикистон, балки ба фоидаи ҳама кишварҳои минтақа аст»

Муовини аввали вазири хориҷаи Куба гуфт, ба манзури шиносоӣ бо саноеъи дорушиносии кишвараш аз вазири беҳдошти Тоҷикистон даъват шудааст, ки дар мавқеъияти мувофиқ аз Куба боздид намояд. Ҷаноби Родригес ҳамчунин гуфт, дар марказҳои таълимии тиббии Куба 27 ҳазор донишҷӯёни хориҷӣ таҳсил мекунанд ва кишвараш метавонад барои таҳсил дар ин ришта донишҷӯёни тоҷикро ҳам бипазирад.
Зимни сафари худ Кабалеро Родригес ҳамчунин бо Талбак Назаров - вазири умури хориҷии Тоҷикистон сӯҳбату гуфтугӯ дошт. Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар пайи ин мулоқот ба санади ҳамкории тарафайн дар заминаи ройзаниҳои дипломатӣ имзо гузоштанд. Эумилио Кабалеро Родригес баъд аз зуҳри 17 март бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҳам гуфтугӯ намуд.
Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG