Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Об аз куҷо меояд?


Муаллифони гузориши вазъияти захоири оби ҷаҳон дар соли 2006 мегӯянд, ки кишварҳои Осиёи Миёна намунаи боризе аз ниёзи ҷаҳон ба пайдо кардани роҳҳои мунсифонатари тақсими ин манбаъи ҳаётӣ ҳастанд.
Сандра Постел - мудири Барномаи сиёсати ҷаҳонии тақсими об дар Нйу Йорк мегӯяд:

"Дар ин замина Осиёи Миёна ба як олами сағир (микрокосмос) барои дигар бахшҳои ҷаҳон мемонад. Ин минтақа дорои ду рӯдхонаи аслист - Сирдарё ва Омӯдарё, ки аз хоки чандин кишвар мегузаранд ва ба дарёи Орол мерезанд ва чолише, ки ҳамакнун кишварҳои минтақа бо он рӯбарӯ ҳастандтақсими мунсифона ин обҳост. Ин дар ҳолест, ки ҳамаи ин кишварҳо бо мушкилоти ношӣ аз рушди сареъи ҷамъият, тавсеъаи иқтисодӣ, ниёз ба тавлиди маводди ғизоӣ ва энержӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Ва шояд нуктаи муҳимтар ин бошад, ки вазифаи ин кишварҳо ҳамакнун пайдо кардани роҳҳои тақсими мунсифонаи суди ҳосил аз ин обҳост".

Бону Постел мегӯяд, дар ҳоле ки кишварҳои Осиёи Миёна бо мушкили тақсими захоири об дасту панҷа нарм мекунанд, кишварҳои поиноб бо иттихози бархурде номуносиб дар мавриди обёрӣ бар мушкилоти худ афзудаанд. Вай гуфт:

"Ин нукта бисёр муҳим аст, ки кишварҳои поиноб, яъне Узбакистон ва Туркманистон дар беҳбуди наҳваи обёрии заминҳои худ бикӯшанд. Истифодаи нокоромад аз об ва шӯразор шудани замин аз ҷумлаи мушкилоти мудовиманд, ки ба таваҷҷуҳи ин кишварҳо ниёз доранд".

Малмустарин натиҷаи ин мушкилоти печида вазъияти феълии дарёи Орол аст. Гузориши солонаи Созмони милал мегӯяд, ки итлофи оби рӯдхонаҳо дар роҳи расидан ба дарёи Орол, ки ҳовии оби тоза аст, боъис шуда, ки аз соли 1965 бад-ин сӯ мизони оби он 75 дарсад коҳиш ёбад.

Дар айни ҳол, миқдори фаровони маводди шимиёии кишоварзӣ, ки аз мазореъ ба оби дарёи Орол ворез мешавад, санъати моҳидории онро валангор карда, боъиси аз байн рафтани танаввуъи гиёҳӣ ва ҳаётии ин ҳавза шуда ва мизони ибтило ба бемориҳои шушӣ ва мавориди маргумири кӯдакон дар минтақаро афзоиш додааст.

Ин дар ҳолест, ки бино ба ҳамин гузориши СММ, моҳидорони дарёи Орол дар соли 1959 ба миқдори 50 000 тун моҳӣ гирифта буданд, аммо дар соли 2004 моҳигирӣ дар ин ҳавза тақрибан батамом аз байн рафт.

Гордон Йанг - ҳамоҳангсози ин гузориши Созмони милал ахиран дар нишасте дар шаҳри Нйу Йорк фоҷеъаи дарёи Оролро ин гуна тавсиф кард:

"Дарёи Орол ҳамчунон дар ҳоли кӯчактар шудан аст ва суръати коҳиши мизони оби он наметавонад бештар аз ин бошад. Иллати аслии он истифода аз оби рӯдхонаҳои мунтаҳӣ ба Орол барои обёрии мазореъ, ба вижа мазореъи пунба (пахта) аст. Ин иттифоқи тозае нест, вале акнун вазъият дар ҳоли бадтар шудан аст. Акнун тарҳе тадвин шудааст, ки бино бар он қарор аст дар бахши шимолии ин дарё обанборе сохта шавад, то дастикам бахше аз оби дарёи Орол барои муддате дарозтар ҳифз шавад".

Талошҳо барои наҷот додани бахше аз дарёи Орол дар паи дупора шудани дарёи Орол дар соли 1987 оғоз шуд. Бахши шимолии он кӯчактар аз бахши ҷанубиаш аст.

Сандра Постел, аз Барномаи сиёсати ҷаҳонии тақсими об мегӯяд, ки эҳёи дарёи Орол ва баргардондани он ба ҳолате, ки пеш аз даҳаи 1960 дошт, як амри номумкин аст. Зеро, ба гуфтаи вай, осебҳои зистмуҳитии ворида ба ин минтақа ислоҳнопазир аст.

"Акнун миқдори бештари оби рӯди Сирдарё ба дарёи Орол мерезад ва бахши шимолии он аз бахши ҷанубиаш ҷудо мешавад, то ба Ороли хурд оби бештаре ворез шавад ва фурсате барои бозофаринии шароити зистмуҳитии собиқ фароҳам шавад. Ман фикр мекунам, ин талоши кишваҳои минтақа аст, ки лоақал чизеро аз ин дарёи рӯ ба хушкӣ наҷот диҳанд, аммо мусалламан, мо дарёи Оролро бо он шукӯҳу вусъате, ки дар гузашта дошт, дигар нахоҳем дид".

Ва аммо дар заминаи истифода аз захоири об дар сатҳи ҷаҳон гузориши СММ дар бораи вазъияти захоири оби ҷаҳон менависад, ки ҷавомеъ, ба вижа давлатҳо, бояд обро ба чашми коло ё чизи қобили хариду фурӯш набинанд. Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, об, ба вижа оби ошомиданӣ, ба андозае муҳимму ҳаётист, ки бояд дороии ҷамъӣ ба шумор ояд. Яъне ҳаққи моликияти захоири об бояд дар дасти мардум бимонад ва давлатҳо бояд бонӣ ва муҷрии ин ҳақ бошанд.
XS
SM
MD
LG