Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзиҳо дар Узбакистон


Бино ба иттилоъи Фарид Солеҳов, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров дар рақобатҳои гурзандозӣ миёни мардон бо натиҷаи 72 метру 86 сантиметр мақоми аввалро касб кард. Галина Шарифова дар ин навъи рақобатҳо миёни бонувон бо натиҷаи 50 метру 23 сантиметр пирӯз шуд. Гурзандози дигари тоҷик Алишер Эшбеков дар рақобатҳо байни наврасон бо натиҷаи 56 метру 91 сантиметр дар мақоми аввал қарор гирифт. Фарид Солеҳов афзуд, ҳамзамон дар шаҳри Тошканд мусобиқоти байналмилалӣ оид ба варзиши сабук миёни наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Сироҷ Самадов, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати давандаҳо ба масофаи 400 метр бо натиҷаи 54,66 сония муваффақ ба дарёфти медали биринҷӣ гардид.

Сухангӯи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳамчунин хабар дод,ки намояндаи кишвар Аҷмал Амиров дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Умед» оид ба варзиши сабук дар иншооти болопӯшида дар шаҳри Маскав соҳиби медали нуқра гашт. Вай масофаи 3000 метрро дар зарфи 8 дақиқаю 21,14 сония тай намуда, мақоми дуввумро ишғол кард.

Ва хабари охирин. Ҷамшед Дӯстмуҳаммадов, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ оид ба ҷанги тан ба тан миёни ҷавонони 16-18-сола, ки дар шаҳри Янгиюли Узбакистон баргузор шуд, бо медали нуқра сарфароз гашт. Вай дар сабқати ниҳоӣ аз ҳарифи худ- варзишгари узбак мағлуб шуда, мақоми дуввумро касб кард.
XS
SM
MD
LG