Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили Андерсонҳои тоҷик


Дар мавриде, ки дар кишвар теъдоди адибоне, ки барои кӯдак шеър мебофанд, зиёд аст, носирон ангуштшуморанд. Бархе бар назаранд, ки танҳо аз як нафар метавон ном гирифт, ки танҳо барои атфол наср менависад. Азизи Азиз - нафарест, ки бидуни афсонаву қиссаҳо барои кӯдак аз дигар амал кор намегирад. Азизи Азиз ба истилоҳи Файзи Ашӯр, шоири тоҷик, Ҳанс Кристиан Андерсони мост, ки лиласаф, имкони рӯи кор овардан ва нашри ҳама афсонаҳои худро надорад. Ӯ мегӯяд, ин мушкил на танҳо хоси ӯст, тақрибан ҳама адибони кӯдак имкони нашри асарҳои худро надоранд. Мусоҳиби ман мегӯяд, ба назар мерасад, ки ин мушкилро масъулин дарк накардаанд. Ба гунаи мисол, дар мавриде, ки аз хазинаи президент Раҳмонов барои нашри такрории асарҳои адибони дигар то 7-8.000 сомонӣ ҷудо шудааст, барои интишори китобҳои адибони наврас ва кӯдак то 800 сомонӣ додаанд. Барои раҳоӣ аз бӯҳрон Азизи Азиз мегӯяд, маблағи мазбур бояд одилона миёни нашрияҳои давлативу хусусӣ ва дар асоси озмун тақсим шавад.

Ва аммо адиби дигар, Сафар Айюбзодаи Маҳзун мегӯяд, маблаг аз буҷаи давлат аст ва бояд ба нашароти давлатӣ дода шавад. Ва аммо ба суоли ман, ки шахсан устод китобҳои худро дар кадом нашрия-давлатӣ ё хусусӣ чоп мекунад, ӯ гуфт, ки «Бо грифи Адиб, вале дар нашрияҳои хусусӣ, ки ҳам босифат аст ва ҳам арзонтар»

Ба ҳамин суоли ман Камол Насрулло-муовини раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон чунин посух дод:
«Мо дар нашриётҳои давлатӣ китоб чоп мекунем, зеро ки имтиёзҳо дорем: аз хазинаи президент ҳар сол маблағ барои нашри адабиёт ҷудо мешавад.»

Ба назар мерасад, ки агар имтиёзоти адибони баркамол, ки барои кӯдак ҳам менависанд, аз миён бардошта шаванд, онҳо низ ба нашароти хусусӣ рӯ меоранд. Айюбзода мегӯяд, китобҳояшро бо нишонии «Адиб», аммо дар нашароти хусусӣ чоп мекунад. Гриф ё мӯҳри «Адиб» як навъ монополияи нашрия аст. Бе ин нишона адиб ҳуқуқ надорад, ки асари худро дар озмунҳо, мукофотҳои давлатӣ ва ҳатто барои узви Иттиҳоди нависандагон шудан пешбарӣ кунад.

Аз сӯи дигар, Азизи Азиз мегӯяд, китобҳо барои кӯдак бояд то 80 % моломол аз аксу расмҳо бошанд, ки нашриёти «Адиб» имконияти маҳдуди чопи ҳамингуна асарро доштааст. Бар тибқи иттилоъи ӯ, муваффақ шудани маҷаллаи «Чашма» дар авохири солҳои 80 асри гузашта ҳамин расму аксҳо будаанд. Камол Насруло, дар собиқ сардабири «Чашма» дар таъйиди идаъои Азиз мегӯяд, маҳз ороиш ин маҷалларо маҳбубтарин, серхонандатарин журнал дар собиқ Шӯравӣ карда буд.

Вале Сафар Айюбзодаи Маҳзун бар ин назар аст, ки «Кӯдак набояд думболаи сурат равад. Барои атфол бояд мазмуну мӯҳтаво муҳимтар бошад!»

Азизи Азиз - афсонагӯи маъруфи тоҷик мегӯяд, барои нашри кутуби хуб диданӣ ва хонданӣ барои кӯдак бояд нашриётҳои ғайридавлатӣ фаъол гарданд. Зеро ин нашарот бо шумули чопхонаҳои шахсии «Афсона», «Симурғ», «Истиқбол», «Хайём», «Гул-гул» ва боқӣ дар рақобат қарор доранд ва кӯшиш мекунанд, ки асарҳо барои атфолро бо сифати баланд нашр кунанд. Дар ин маврид, Айюбзодаи Маҳзун бо Азиз мувофиқ аст. Ӯ мегӯяд, «Рақобат на танҳо миёни нашриётҳои хусусӣ, ки бо нашароти давлативу ғайридавлатӣ бояд роҳандозӣ шавад. Маблағҳо дар асоси озмунҳо ба нашриётҳо ҷудо шаванд. Дар ин сурат метавон асарҳои хуб ва баландсифат нашр кард»

Ва аммо мушкили рақами яки адабиёти кӯдак дар баробари ноадолатӣ дар мавриди тақсимоти кӯмаки молии президент ба адибон - набуди нависанда барои кӯдак аст. Азизи Азиз мегӯяд, нозимон дар ин самт зиёданд, вале носирон нестанд. Маҳзун меафзояд, «Воқеан ҳам ягона адибе, ки танҳо барои кӯдак менависад ва аз чаҳорчӯби афсонаву қисса барои атфол берун намешавад, ба забони дигар нависандаи ҳирфавии кӯдак, ҳамин Азизи Азиз аст»

Ва аммо бар тибқи иттилоъи Камол Насруллоев, нависандагони хуб барои кӯдак дар Тоҷикистон ҳастанд: «Азиз барои синни то мактабӣ ва синни хурди мактабӣ менависад. Аммо адибони дигаре ҳастанд, ки барои насли наврас ва хонандагони синфҳои болоии мактаб менависанд»

Насим Раҷаб, Сафияи Носир, Тоҷинисо Султонӣ ва Гулсара Авазова, ки қадамҳои нахустини худро дар ин ҷода мегузорад, аз ангуштштшумор носиронеанд, ки барои атфол менависанд. Бар тибқи иттилоъи худи адибон дар мавриде ки шоирони кӯдак бисёранд, афсонаҳои хориҷии «Бӯзаки ҷингилапо», «Кулоҳсурхак», «Мурғобии ганда», «Хонача» (теремок), ки тарҷума шудаанд, аз дӯстдортарин қисссаҳои атфоли тоҷик боқӣ мондаанд
XS
SM
MD
LG