Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чопи нави "Тоҷикон"-и Шишов


Ин китоб ба забони русӣ ва бо ҳуруфи кӯҳнаи русӣ дар соли 1910 дар шаҳри Тошканд чоп шуда, танҳо акнун бо алифбои муосири русӣ нашр шуд. Қодири Рустам мегӯяд, ба ду сабаб нашри нави китобро омода кард. Якум, дар чопи Тошканд иштибоҳҳои зиёде роҳ ёфтаанд ва дуюм, маводи китоб ба рушди худшиносии тоҷикон, ба вижа муҳоҷирон таъсири амиқ хоҳад дошт. Вай мегӯяд: "Арзиши ин китоб пеш аз ҳама дар он аст, ки Шишов барои навиштани он тамоми мақолаву осори замони худро, ки ба таърихи тоҷикон дахл мекард ва парешон буд, ҷамъ овард ва аз онҳо ба таври фаровон нақл кард. Бахши мардумшиносии он шеваи зиндагии тоҷикон, касбу кор ва ҳунарҳои гуногуни тоҷикон, ки қисман аз байн рафтаанд тавсиф мешаванд. Ҳамчунин дар бораи ҷаҳонбинии тоҷикон ва дунёшиносии онҳо зиёд сухан меравад."

Шишов ба китоби худ "Таджики" ном гузошт ва шояд донишманди тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар пайравӣ ба ӯ номи китобашро "Тоҷикон" гузошт, ки ягона китобе буд бо номи як миллат дар шӯравии собиқ нашр шуд.
Нависанда ва рӯзноманигори тоҷик Қодир Рустам дар гузашта низ китобу матолиби марбут ба таърих ва шинохти тоҷиконро дар силсилаи таъсисдодааш бо номи "Дарси хештаншиносӣ" дар шаҳри Душанбе нашр карда буд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG