Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИМ бузургтарин амалиётро дар Ироқ шурӯъ кард


Нирӯҳои таҳти сарварии Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ироқ бузургтарин ҳамлаи ҳавоиро шурӯъ карданд, ки шӯришиёнро дар минтақаи шимолушарқи Самарро ҳадаф қарор медиҳад. Ҳарбиёни амрикоӣ мегӯянд, ба ин амалиёт 1 500 сарбози ИМ ва Ироқ сафарбар шуда, аз 50 ҳавопаймои ҷангӣ, ҳамчунин 200 тонку зиреҳпӯш истифода мешавад.

Сухангӯйи Кохи сафед Скот Маклелан дар Вашингтон гуфт, ин ҳамла бахше аз амалиёти зидди шӯришгарон аст: "Фармондеҳони мо дар майдони ҷанг салоҳият доранд, дар мавриди ин амалиёт тасмимҳои токтикӣ бигиранд. Дар чанд моҳи охир он ҷо чандин амалиёт ҷараён гирифт, ки амалан террористҳо ва тарафдорони Саддомро, ки мехоҳанд давраи табъиз ва зулмро бозгардонанд, ҳадаф қарор доданд. Ин амалиёт бахше аз кӯшишҳои мудаввоми мо дар пешбурди ҷабҳаи амният мебошад."

Ҳарбиён гуфтанд, эҳтимол амалиёт чанд рӯз идома хоҳад кард. Самарро, дар шимоли Бағдод, шаҳрест, ки дар он шӯришгарон рӯзи 22-юми феврал масҷиди шиъаҳоро мунфаҷир карданд. Ин таркиш ба хушунатҳои байнимазҳабӣ асос гузошт ва нигарониҳоро аз эҳтимоли бурузи ҷанги шарҳвандӣ афзун кард.
XS
SM
MD
LG