Пайвандҳои дастрасӣ

Дидори Ян Кубиш бо Раҳматулло Валиев


Ян Кубиш, намояндаи вижаи Шӯрои Иттиҳоди Урупо дар умури Осиёи Марказӣ бо Раҳматулло Валиев - муъовини Ҳизби демукроти Тоҷикистон (ҲДТ) мулоқот анҷом дод. Раҳматулло Валиев - муъовини раҳбари ҲДТ дар сӯҳбат бо радиои «Озодӣ» гуфт, мулоқоти мазкур бо дархости оқои Кубиш сурат гирифт ва масоили марбут ба фаъъолияти ҳизб ва раиси дарбанди он Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз мавзӯъҳои аслии ин мулоқот буд. Оқои Валиев ҳамчунин гуфт, зимни ин мулоқот Ян Кубиш дар мавриди боздошт ва ҳабси Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гуфтааст, ӯ дар ҷараёни боздошт ва муҳокимаи парвандаи ӯ қарор дорад. Аммо ба гуфтаи Раҳматулло Валиев, оқои Кубиш гуфтааст, чун Иттиҳоди Урупо салоҳияти дахолат дар корҳои дохилии Тоҷикистонро надорад, аз ҳаққи тасмимгирӣ дар мавриди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бархурдор нест. Тибқи иттилоъи як манбаъ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ян Кубиш - намояндаи вижаи Шӯрои Иттиҳоди Урупо дар умури Осиёи Марказӣ бо Абдуллоҳи Нурӣ - раҳбари ҲНИТ низ мулоқот доштааст.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG