Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонии Узбакистон паноҳанда шуд


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ба Обидхон Назаров - рӯҳонии Узбакистон кумак кардааст, ки дар хориҷ аз қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ паноҳанда шавад. Назаров то ҳол дар Қазоқистон ба сар мебурд. Аз соли 1990, яъне аз замоне, ки давлати Узбакистон Обидхон Назаровро ба иттиҳоми ҷонибдорӣ аз исломи тундгаро муттаҳам кард, вай нопадид шуда буд. Ҳоло Кумисарёи Олии СММ дар умури паноҳандагон мегӯяд, ки Назаров чанд сол дар Қазоқистон ба сар бурдааст ва 15-уми март, яъне рузи чаҳоршанбе ин кишварро тарк кардааст. Созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар Узбакистонро барои нақзи ҳуқуқ интиқод мекунанд ва мегӯянд, мақомоти ин кишвар шахсиятҳои шинохтаро шахсияти тундрави исломӣ ё сиёсатмадори тундрав муъаррифӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG