Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷашни Наврӯз


Шумораҳои тозаи нашрияҳои Душанбе Ҷашни Наврӯз - таърих ва гунаҳои таҷлили он матлаби аслии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта буд. Ҳафтаномаҳо бо чопи аксҳои наврӯзие аз маросимҳои ҷашнӣ дар маҳаллоти мухталиф, ороиши дастархони наврӯзӣ матолиб мунташир карда ва аз рӯзҳое ёдовар шудаанд, ки мардуми Тоҷикистон имкони таҷлил аз ин ҷашни миллияшонро надоштанд.

Ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи ҲНИТ навиштааст, Наврӯз аз тамоми ҷашнҳои дигари қадимӣ барои мардуми тоҷик азизтар ва мукаррамтар аст. Ҳафтанома навиштааст, куллия даъвоҳое, ки гӯё арабҳо таҷлили Наврӯзро манъ карда бошанд, асос надорад ва танҳо даврае, ки ҷашнгирии Наврӯз манъ шуда буд, замони Шӯравӣ буд.

«Ҷавонони Тоҷикистон» матлаби наврӯзии худро «Наврӯз - бедории миллат аст» унвон ниҳода ва навиштааст, боъиси ифтихор аст, ки имрӯз ин ҷашни форснажодҳоро афзун бар Эрону Тоҷикистону Афғонистон, Узбакистону Қазоқистону Қирғизистону Озарбойҷону Туркманистон ва бархе аз ҷамоҳири худмухтори Русия низ ҷашн мегиранд.

Мавзӯъи дигаре, ки дар саҳафоти рӯзномаҳои Тоҷикистон бозтоб ёфтааст, марги Слободан Милошевич - раисиҷумҳурии собиқи Югусловӣ дар боздоштгоҳи Лоҳа (Гаага) аст.

Ҳафтаномаи «Наҷот» навиштааст, ҷаҳонро шахсе падруд гуфт, ки хуни ҳазорҳо мусалмонро рехтаву садҳо ҳазор тани дигарро овораву дарбадар ва ятиму бепарастор карда буд. Дар ин матлаб Милошевич ҳамчунин сабабгори аслии ҷанг дар Болкон ва берун уфтодани Русия аз ин минтақа унвон шудааст.

Нашрияи «Миллат» аз қавли Муҳиддин Кабирӣ - муъовини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) навиштааст, имкони вуқӯъи инқилобҳои рангӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад. Ба навиштаи ин ҳафтанома, оқои Кабирӣ зимни суханронӣ дар як кунфронс дар мавзӯъи равандҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ, ки дар донишгоҳи Колумбиё баргузор шуда буд, гуфтааст, агар интихобот ба ҳар навъи мумкин сурат бигирад, бо ҳар нақзи қонуне ҳамроҳ бошад, нирӯҳои мухолиф онро таҳаммул хоҳанд кард. Муъовини ҲНИТ гуфтааст, ки ин ҳизб ба хотири ҳифзи амният ва субот сиёсати таҳаммулпазириро пеша кардаааст ва аммо аз ҷониби худ мақомоти масъули ҳукумат низ бояд инсоф ба харҷ диҳанд ва талош кунанд, ки интихоботи оянда дар Тоҷикистон аз интихоботи қаблӣ беҳтар сурат бигирад.

Ҳафтаномаи «Миллат» ҳамчунин се сафҳаи худро ба баҳсе перомуни нақши матбуъоти тоҷик дар шароити ҷаҳонӣ шудан ихтисос додааст. Рӯзноманигор Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ мушкили аслии ҷомеъаи имрӯзи тоҷикро адами шинохти масоил ва мушкилоти пешорӯи ҷомеъа номидааст. Пажӯҳишгар Нуралӣ Давлат навиштааст, дар шароити ҷаҳонӣ шудан лозим аст, ки забони меъёри форсӣ шакл бигирад, то моро дар Эрону Афғонистон ҳам бифаҳманд. Ҳуқуқдон Раҳматулло Зоиров гуфтааст, давлат бояд озодандешӣ ва истиқлоли матбуъотро таъмин кунад ва ҳатто агар худи давлат ҳам бонии молӣ ва муассиси расонае бошад, набояд монеъ аз чопи матолиби интиқодӣ шавад.

«Бизнес и политика» дар идомаи баҳси ширкатҳои телефунҳои ҳамроҳ (мобилӣ) ва интернетии Тоҷикистон бо вазорати мухобироти кишвар дар бораи тарҳи Маркази воҳиди иртибототӣ матлабе чоп кардааст. Сухани тоза дар ин хабар он аст, ки бино ба иттилоъоти ғайрирасмӣ, вазорати мухобирот бо ширкатҳо вориди гуфтушунуд шуда ва баъзе гузаштҳо ваъда кардааст.

«Азия-Плюс» бо як ҷавони мардикори тоҷик, ки аз сӯхторе дар минтақаи Долгопруднийи Маскав дар яке аз шабҳои сарди зимистон ҷони саломат бадар бурда ва бо волидону ақрабои қурониёни он оташсӯзӣ мусоҳиб шуда ва нақли қавл кардааст, ки дар як утоқаки танг 11 нафар ба сар мебурдаанд ва аз кори сангини рӯзона хеле хаста мешудаанд. Фарҳод - аз бозмондагони ҷавони он ҳодиса гуфтааст, оташсӯзӣ дар натиҷаи бархурди номуҳтотона бо дастгоҳи гармозо рух додааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо истинод ба додситонии шаҳри Душанбе аз ҳукми зиндони як "соҳибкори фиребгар" хабар дода ва навиштааст, он шаҳрванди Тоҷикистон эътимоди афроди баландпояи Афғонистонро ба даст оварда ва ҳатто бо моршол Фаҳим дидор доштааст ва онҳоро низ фиреб додааст. Дар натиҷа ҳатто муъовини як вазоратхонаи Афғонистон аз мақомаш барканор шудааст.
XS
SM
MD
LG