Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирӣ дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон


сқ

Дар қитъаи Фархори марзи Тоҷикистону Афғонистон миёни марзбонони тоҷик ва як гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбари маводи мухаддир даргирӣ ба амал омад. Корманди маркази хабарии Бунгоҳи назорат бар маводи нашъадори Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ гуфт зимни амалиёти муштараки ин бунгоҳ ва Кумитаи марзбонӣ аз вуруди ин гурӯҳ ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд: "Даргирӣ бештар аз 1 соат тӯл кашид ва натиҷа ин шуд, ки зиёда аз 83 килограмм маводи мухаддир мусодира шуда, як шаҳрванди Афғонистон боздошт гардид."
Хабаргузориҳои маҳаллӣ ба нақл аз гузориши Кумитаи омори Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд, ки дар ду моҳи аввали моли равон ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухадир назар ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 11 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз оғози сол мақомоти ҳифзи тартибот 106 далели тавлид, харидорӣ, нигаҳдорӣ, қочоқ ва истеъмоли маводи мухаддирро ошкор кардаанд.
XS
SM
MD
LG