Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ахбори иқтисодӣ аз Шаршар то Амрико


Бо қарори шаҳрдории Душанбе, бозори Роҳи Абрешим, маъруф ба бозори 82 то 2 моҳи дигар барҳам хоҳад хӯрд. Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳанӯз дар моҳи октябр истифодаи ду гектар замини ин минтақа аз сӯи ширкати "Тараққиёт" ғайриқонунӣ донист ва шаҳрдорӣ акнун мехоҳад дар ин замин ду бинои истиқоматии чорқабата бунёд кунад. Озмун барои беҳтарин тарҳи сохтмони ин ду бино қарор аст моҳи апрел эълон шавад.

Вазири дороии Амрико Ҷон Снов аз Конгресс даъват кард, ҳар чӣ зудтар ҳадди ниҳоии қарзҳои хориҷии Амрикоро аз 8 триллиону 200 миллиард доллари феълӣ болотар баранд. Қарор аст, ин лимит ба 9 триллион расонда шавад. Дар ғайри ин сурат, Амрико дар мавриди ӯҳдадориҳои қарзиаш метавонад барои нахустин бор дучори дефолт шавад.

Ширкати сармоягузории "Трейдинг Систер"-и Имороти Муттаҳидаи Араб мехоҳад ба сурати лизинг ду ҳавопаймои амрикоии навъи Боингро барои истифода дар ихтиёри ширкати ҳавоии Тоҷикистон бигузорад. Дар мулоқоти раҳбарияти ширкати ҳавоӣ бо мудири кулли Трейдинг Систер Алии Муҳаммадӣ гуфта шуд, ки ширкати ҳавоии Тоҷикистон барои ифтитоҳи масирҳои нав ҳамчунин ба бунёди як хатти ҷадиди парвоз ва бозсохти терминалҳои мавҷудаи дохиливу байналмилалиаш ниёз дорад.

Ширкати амрикоии AT&T дар ивази 67 миллиард доллар ширкати BellSouth-ро харида, талош дорад, нақши дар гузашта инҳисориаш дар бозори телефонҳои Амрикоро дубора ба даст биоварад. Арзиши саҳмияҳои AT&T акнун ба 160 миллиард доллар мерасад, дар ҳоле ки қимати Verizon, умдатарин рақибаш дар ин бозор танҳо 98 миллиард аст.

Вазорати роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар пайи боздиди як ҳайъати чиноӣ аз маҳалли сохтмони нақби дукилометрии Шаршар хабар дод, ки сохтмони нақби мазкур ғолибан дар моҳи апрел оғоз хоҳад ёфт. Ҳазинаи сохтмони нақби Шаршар 38 миллион доллар ҳисоб шудааст, ки 30 миллионашро ҷониби Чин бар ӯҳда гирифтааст.

Ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба қонуне имзо гузошт, ки аз нимаи дуввуми соли ҷорӣ зангҳои ворида ба телефонҳои ҳамроҳро дар Русия маҷҷонӣ хоҳад кард. Аз он ба баъд пули гуфтугӯ бо телефони мобайлро танҳо тарафе, ки занг задааст, хоҳад пардохт.
XS
SM
MD
LG