Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширини Ибодӣ дар сӯҳбат бо "Озодӣ"


Сӯҳбати Ҳумоюни Шаҳриёр Ҳуқуқшиноси эронӣ, доктор Ширини Ибодӣ дар соли 2003 барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел гардид. Ахиран, дар шаҳри Турини Итолиё доктор Ибодӣ лутф намуд ва ба чанд суоли саҳифаи интернетии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ посух гуфт.

- Шумо, ки ба ҳайси як мудофеъи ҳуқуқи занҳо маъруф ва фаъол ҳастед, лутфан метавонед бигӯед, ки дар Эрон занҳо чӣ вазъе доранд?

- Дар Эрон теъдоди занҳои таҳсилкардаи мо беш аз мардон аст, зеро тибқи охирин оморе, ки имсол эълом шуд, беш аз 65 дар сади донишҷӯҳои донишгоҳҳои Эрон духтаранд. Аммо, мутаассифона, вазъ ин тавр аст, ки занон имкони нишондодани лаёқати хешро надоранд.ашонро имкон дошта бошанд, нишон бидиҳанд, нест. Ва дар бозори кор мардҳо бештар ворид шудаанд. Мизони бекорӣ дар занон се баробар беш аз мардон аст.

- Иллаташ дар чӣ аст?

- Ба назари ман, дар фарҳанги падарсолор. Фарҳанге, ки дар ҳар масъалае мардро муқаддам медорад. Иддае мегӯянд, ки чун мардҳо боястӣ харҷи хонаводаашонро бидиҳанд, бинобар ин беҳтар аст,мардҳоро истихдом кунем. Аммо бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки дар истихдом ва иштиғол масъалаи ниёз ба пул набояд мавриди таваҷҷӯҳ бошад, балки меъёр бояд лаёқат ва тахассуси инсон бошад. Ва ниёзҳои як инсон боястӣ аз туруқи (роҳҳои) дигар, мисли бимаи бекорӣ, ҳаққи таъмини иҷтимоӣ ва ин гуна масоил бартараф бишавад, на ин ки сирфан иштиғол бар мабнои ниёзҳои инсон ба ӯ дода бишавад.

- Вақте дар Ғарб дар мавриди кишварҳои исломӣ сӯҳбат мекунанд, аввалин чизе, ки пеши назарашон меояд, умдатан, ин вазъи ба ақидаашон ногувори занон аст ва ҳарҷо аз ҳуқуқи зан ҳарф мезананд. Ва ин дар ҳолест,ки ки Ислом ҳуқуқи зану мардро баробар медонад ва таъкид ба ин баробарҳуқуқӣ менамояд. Ва аммо чаро бо ин вуҷуд дар ин кишварҳо чунин вазъ ба миён омадааст, ба андешаи Шумо?

- Бо тафсири дурусте аз Ислом метавонем барои занон ҳуқуқи баробар бо мардҳо дошта бошем. Аммо мушкил ин ҷост, ки тафсирҳои ғалате аз Ислом мешавад, ки боиси табъиз ба занон мешавад. Ва ба ҳамин далел аст, ки вазъияти занон дар кишварҳои мухталифи исломӣ мутафовит аст. Ба унвони мисол, дар Арабистони Саудӣ занҳо ҳатто ҳаққи ронандагӣ надоранд. Аммо дар кишварҳое мисли Индонезия, Покистон, Бангладеш занҳо тавонистаанд ҳатто нахуствазир ва раиси ҷумҳур бишаванд. Ва ё ин ки таъаддуди завҷот (бисёрзанӣ) дар бархе аз кишварҳо мисли Эрон ҷоиз аст ва дар бархе аз кишварҳои исломӣ мисли Тунис мамнӯъ аст. Ин ба хотири ин аст, ки тафсирҳои воҳиде аз Ислом намешавад. Мо ба тафсире аз Ислом эҳтиёҷ дорем, ки ҳуқуқи занро ба расмият бишносад.

- Вазъи занҳо дар Аврупо чӣ гуна аст? Дар ин ҷо ҳам мушкил доранд?

- Мутаассифона, бале. Занҳо ҳам дар Аврупо ва ҳам дар Амрико мушкил доранд. Мушкили онҳо ба шакли дигарест. Савойи мушкилоте, ки занон дар кишварҳои исломӣ доранд. Бубинед, дар Амрико як раисҷумҳури зан то ҳоло надоштанд. Теъдоди вузарои зан чӣ қадр камтар аст. Дар Аврупо ҳамчунин. Дар порлумони Итолиё, ки мо алъон дорем дар хоки ин кишвар сӯҳбат мекунем, занон беш аз даҳ дар сади намояндагони порлумон нестанд. Ин ҷо ҳам мушкилоти худашро дорад.

- Чун Шумо аз раҳбарии як кишваре ҳарф мезанед, чаро фикр мекунед, ки он бояд ҳатман зан бошад? Яъне, чаро ба ҷинси инсон таваҷҷӯҳ мекунед?

- Ман аслан чунин эътиқоде надорам, ки раҳбари як ҷомеъа ҳатман боястӣ зан бошад. Ман ба ин эътиқод дорам, ки раҳбарии як ҷомеъа боястӣ бо афроди кордон ва болаёқат бошад. Чӣ зан, чӣ мард. Яъне, агар зане ҳам лоиқ буд, набояд ба муносибати зан будан маҳрум бошад.

- Ок, ва аммо агар дар бораи худи Ширин Ибодӣ ҳарф бизанем,..

- - Ман вакили додгустарӣ ҳастам. Дафтари ваколатам дар Теҳрон аст. Ва корҳое, ки ман дар Теҳрон анҷом медиҳам, илова бар ваколат, идораи се NGO (Созмони ғайриҳукуматӣ) аст, ки таъсис кардаам. Зиндагии ҳирфавиямро гуфтам. Зиндагии хусусиям, ман ҳамсар дорам, ду духтар дорам ва монанди як зани суннатии эронӣ корҳои хона ва бузург кардани бачаҳо бар ӯҳдаи ман буда ва ҳаст. Ва аз ин ба баъд хушҳолам, бад ин ки вақте як кори берунро тамом мекунам, ва усулан кори ваколат, хушҳол мешавам, замоне, ки биёям хона ва барои шавҳар ва духтарҳоям ошпазӣ кунам ва бо ҳам даври як миз бишинем. Шавҳарам ҳамеша пуштибони ман аст аз ман ҳимоят мекунад ва ман бидуни ҳимояти шавҳарам, воқеъан, наметавонистам ин қадар кор кунам.

- Шумо дар Тоҷикистон будед?

- На, мутаассифона, набудам. Аммо бисёр алоқа дорам, ки биравам, барои он ки Эрону Тоҷикистон решаҳои муштараки фаровоне доранд. Бубинед, ки забони мо якест, мо дар сад соли қабл ҳама бо ҳам дар як ҷо зиндагӣ мекардем, дар ҳақиқат мо бо ҳам хоҳару бародарем. Ман шунидаам, ки Тоҷикистон кишвари зебоест, ва хусусан шунидаам, ки ба мусиқии эронӣ алоқа доранд.
XS
SM
MD
LG