Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи расидагии Вазорати адлия ба шикояти маҳбусони зиндони Хуҷанд


Ҳайъати эъзомии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар расидагӣ ба шикояти 53 маҳбуси зиндони шҳри Хуҷанд мегӯяд, ки мавориди зикршуда дар номаи зиндониён тасдиқ нашуд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо имзои худро дар зери ин номаи шикоятӣ эътироф накардааст. Назирмат Ҳилолов - муовини сарвари Раёсати зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 15 март ба Родиёи Озодӣ гуфт, ки як кумиссиюни вижаи ин раёсат таҳти сарварии ӯ ҷиҳати расидагӣ ба шикояти маҳбусин дар тӯли чаҳор рӯз дар маҳбасхонаи Хуҷанд тафтиш анҷом додааст: «Ман баёноти зиёда аз 40 маҳбусро, ки номи онҳо дар поёни нома зикр шудааст, як- як гирифтам, ягон кас шикоятро тасдиқ накард. Кадомашро пурсидам, мегӯяд, ки ман ин номаро нанавиштаам. Дар нома 53 ном ҳаст, 43 касро дар маҳбас пайдо кардем, 6 ном дар рӯйхати маҳбас умуман вуҷуд надорад, чанд маҳбуси дигар дар ин байн аз ҳабс озод шудааст. Дар нома имзои маҳбусон нест, танҳо номашон ҳаст.»

Аммо дар номаи саркушода гурӯҳи маҳбусон аз латукӯб, таҳқиру фаҳшо ва бадрафтории кормандони маҳбаси рақами 19 Хуҷанд шикоят кардаанд. Ин нома аз ҷониби наздикони маҳбусон ахиран ба мақомоти Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ расонида шуд. Дар нома ҳамчунин омадааст, ки моҳи ноябри соли 2005 иддае аз маҳбусони маҳбаси Хуҷанд ба нишони эътироз аз поймол шудани ҳуқуқи худ аз ҷониби кормандони маҳбасхона даст ба гуруснанишинӣ задаанд. Дар натиҷа ду масъули зиндон аз вазифа барканор шуда, вале вазъи маҳбусон ба сурати умум бетағйир боқӣ мондааст.

Дар ҳоли ҳозир дар маҳбаси рақами 19 Хуҷанд, ба гуфтаи масъулини он, 1 200 зиндонӣ муҳлати ҷазои худро сипарӣ мекунанд. Дар ибтидои соли равон 2 зиндонӣ аз ин маҳбас фирор карда буд, вале онҳо баъди муддате ҷустуҷӯ аз ҷониби кормандони интизомии Суғд боздошт гардида, дубора ба ин маҳбас оварда шуданд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG