Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 11 ришта ва то рӯзи 11-ум


Спартакиада ё мусобиқоти мактаббачагони шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон бо ширкати беш аз 600 нафар оғоз шуд. Алимуҳаммад Мирзоев, раиси кумитаи тарбияти бадан ва варзиши шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, мусобиқот дар иншооти варзишии пойтахти кишвар дар 11 риштаи варзиш миёни дастаҳои мунтахаби чаҳор ноҳияи Душанбе то рӯзи 11 апрел идома хоҳад кард. Нахустин шуда намояндагони чаҳор риштаи варзиш - баскетболу волейбол, тенниси рӯи миз ва футболи хурд ба қувваозмоӣ шурӯъ карданд. Алимуҳаммад Мирзоев афзуд, ғолибони спартакиадаи шаҳрӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Душанбе дар давраи ниҳоии спартакиадаи мактаббачагони Тоҷикистон, ки аз 6 то 10 май дар пойтахти кишвар доир мешавад, ширкат мекунанд.

Ва як хабари дигар ин аст, ки дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон ба мусобиқаи байналмилалӣ, ки аз 24 то 31 март дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Бино ба иттилои Нӯъмон Юсуфов, мураббии ин даста футболбозони навраси тоҷик дар айни ҳол дар машқгоҳи шаҳри Норак, 60-километрии шарқи Душанбе тамрин мекунанд. Вай гуфт, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон рӯзи 18 март ба шаҳри Теҳрон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG