Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози Русия ба Додгоҳи Лоҳа дар паи марги Милошевич


Намояндагони Думои Русия имрӯз ба иттифоқи оро баёнияеро тасвиб кардаанд, ки моҳияти Додгоҳи ҷиноятҳои ҷангии Созмони Милали Муттаҳид дар Лоҳа (Гаага)-ро зери суол мебарад.

Дар ин баёния омада, ки ҳамаи тасмимҳои ин додгоҳи байналмилалӣ аз замони таъсиси он то кунун "ҳокӣ аз сатҳи баланди сиёсисозии масоил ва ғаразварзӣ" буда, "меъёрҳои дугона дар кори додгоҳ як амри маъмулӣ шуда" ва додгоҳ як ниҳоди "беҳуда" аст.

Ин баёния дар паи марги нобаҳангоми Слободан Милошевич - раҳбари пешини Югусловӣ мунташир шуд. Оқои Милошевич рӯзи шанбеи гузашта, 11 март дар боздоштгоҳи Лоҳа даргузашт. Колбудшикофии оқои Милошевич ошкор кард, ки вай бар асари ҳамлаи қалбӣ ҷон додааст. Пизишкони русе, ки барои баррасии натоиҷи колбудшикофӣ ба Лоҳа сафар карда буданд низ таъйид карданд, ки иллати марги Слободан Милошевич ҳамлаи қалбӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол Зденко Туманович - вакили мудофеъи хонаводаи Слободан Милошевич таъйид кардааст, ки пайкари раҳбари собиқи Югусловӣ дар Белгрод - пойтахти Сербистон ба хок супурда хоҳад шуд. Қарор аст пайкари оқои Милошевич шомгоҳи чаҳоршане (15 март) вориди Белгрод шавад, аммо торихи дақиқи маросими хоксупории вай ҳанӯз равшан нест.

Слободан Милошевич аз соли 2001 то ба рӯзи маргаш дар боздошт ба сар мебурд ва ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар ҷиноёт алайҳи башарият ва наслкушӣ муҳокима мешуд.
XS
SM
MD
LG