Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус овоздиҳии пеш аз мӯҳлат оғоз ёфт


Дар Беларус овоздиҳии зудрас дар интихоботи президентии ин кишвар ҳамзамон бо авҷи интиқодҳо шурӯъ шуд. Интизор меравад, ки дар интихобот президенти феълии Беларус Александр Лукашенко пирӯз хоҳад гашт.
Номзади ягонаи нирӯҳои мухолиф Александр Милинкевич мегӯяд, овоздиҳии пешакӣ пурра дар ихтиёри мақомоти давлатист. Мақомоти давлат ин иттиҳомро рад мекунанд.
Дар ин байн ноиби вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин гуфтааст, бархе аз аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо кӯшиш доранд, овоздиҳиро ба манфиати яке аз тарафҳо ҷилва диҳанд. Вале ӯ аз кишвари муайяне ном набурд. Аҳзоби оппозисюн, ҳомиёни ҳуқуқи инсон, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, интизори инро надоранд, ки интихобот озод ва одилона баргузор хоҳад шуд.
Тоҷикистон барои мушоҳидаи ҷараёни интихоботи президентии 19-уми марти Беларус 4 нозири худро мефиристад, ки ду нафари онҳо узви Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон ва ду нафари дигар аз кормандони дастгоҳи президенти Тоҷикистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG