Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи хориҷии Тоҷикистон 99 миллион доллар кам шуд


Дар гуфтушунид бо раҳбарияти Тоҷикистон ҳайъати Сандуқи байнулмилалии пул(IMF) эълон кард, ки 99 миллион доллар қарзи Тоҷикистон лағв шудааст. Раиси намояндагии IMF дар умури Тоҷикистон Карлос Пинеруа, ки ҳоло дар садри як ҳайъат дар шаҳри Душанбе ба сар мебарад, гуфт, ризоияти ҳамаи кишварҳои мададрасони Тоҷикистон дар ин бора дар аввали моҳи январ ҳосил шуда ва ҳоло амалан ҳамаи асноди лағви қарз ба имзо расидаанд.
Пинеруа дар дидор бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин аз омодагии IMF дар иҷрои барномаи нави коҳиши фақр дар Тоҷикистон хабар дод. Барномаи миллии коҳиши фақр дар Тоҷикистон моҳи феврал ба поён расид ва ҳоло тарҳи нав ба рӯи мизи гуфтушунидҳо гузошта шудааст. Ба гуфтаи Пинеруа IMF омодааст, на камтар аз 70 миллион доллар ба иҷрои ин тарҳ сармоягузорӣ кунад. Вай афзуд, дар ҳоли иҷрои дурусти барнома ва тавозуни молии давлати Тоҷикистон мумкин аст, ин сармоягузорӣ бештар шавад.
XS
SM
MD
LG