Пайвандҳои дастрасӣ

Орзуи наврӯзии Шумо


Рӯзи хубест, моҳи фарвардин,
Наврӯз, пирӯз, шодиофарин!
Ҳафт "син", суфраи неъмати замин,
Шод бош, шодӣ кун,ҷашне чунин...
рӯзе чунин...
Дилшод, аз Язд, Эрон
_____________________
Ассалому алейкум, бародарону хоҳарони азиз!
Наврӯз, яъне соли наву оғози навро ба ҳамаи шумо табрик гуфта, ба ҳамаи мардуми тоҷик сиҳҳатмандӣ ва зиндагии хуш таманно дорам.
Орзуҳои ман:
1. Кишвари худро яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё бинам.
2. Мардуми бечораи тоҷикро доимо сарбаланду сиҳҳатманд бинам.
3. Мардикорҳои ғариби Русияро аз зулму ситаму ноҳаққӣ раҳо кунад.
4. Муҳоҷирон бо рӯҳи баланд ба ватан баргарданд.
Т. Камолзода
---------------------------------------
Соли Навро ба тоҷикон аз самими дил табрик арз мекунам. Ман чанд орзу дорам, ки аз худо мехоҳам ҳамаашон амалӣ шаванд.
1. Сулҳу оромишу амният барои тамоми ҷаҳониен ва тоҷикон.
2. Соли Нав соли биниши нав ва афкори нав бошад.
3. Соли нав соли ишқ ва муҳаббат ва ҳамдигардӯстдорӣ бошад.
4. Аз худо мехоҳам, ки ҳамаи маризонро шифо диҳад.
Муҳаммад, аз Дубай.
--------------------------------------

Салом ба ҳамватанон!
Наврӯзро ба шумо табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тани сиҳат, рӯзи хуш ва руҳи солим орзумандам. Илоҳо, доимо сарбаланд бошед.Наврӯзатон пирӯз бод халқи Тоҷикистон.
Нодирҷон
--------------------------------------
Фаро расидани Наврӯзи фархундаро барои ҳар тоҷику ариёнажод шодбош мегӯям ва орзуманди оромиву ободии Тоҷикистон ва беҳрузиву хушбахтии тоҷикистониёну ҷаҳониён дар соли нав ҳастам.
Наврӯз оғози солшумории ориёӣ буд ки ниёконамон бо ойини шукӯҳманде онро ҷашн мегирифтанд.
Наврӯз намоди пояндагӣ ва ҷовидонии фарҳанги ориёист. Панҷ ҳазор сол беш аст ки ориёнажодон Наврӯзро ҷашн мегиранд ва иншоаллоҳ таъоло бештар аз ин ҳам ҷашн хоҳанд гирифт.
Орзумандам ки баргузории Соли фарҳанги ариёӣ дар кишварамон таконе барои пешрафту густариши беш аз пеши фарҳанги мо шавад.
Умедворам ки рӯзе солшумории расмии Тоҷикистон дубора аз Наврӯз оғоз хоҳад шуд, чунон ки дар кишварҳои бародару дӯстамон Эрону Афғонистон аст.

Наврӯз ки бар Замин бувад ҳуснфизо,
Рафтанд чи асрҳову ӯрост бақо!
Хоҳӣ ту агар бақои умрат бошад,
Бар рӯи Замин ба мисли Наврӯз биё!

Фархунда бод Наврӯз! Поянда бод Ориёно!

Умед Ҷайҳонӣ
---------------------------------------
ҳар сол дар орзуи баҳорам, баҳоре, ки маро хушбахт месозад. Навруз мехоҳаму рузи ман нав мешавад...
Ба ҳар инсони комил рузи навро орзу дорам. Хохам, ки хурсанд шаванд аз он ки имруз ранги дигар аст аз ранги дируз!
Тоҷикистон зинда бошад!
----------------------------------------
Кулли тоҷикони ҷаҳонро ба ин ҷашни фархундаи мардуми Аҷам табрику муборакбод намуда, барои эшон тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам.Орзуи дорам,ки форсизабонони дунё дар ояндаи наздик сарҷамъ меоянд ва дар раванди глобализатсия забони хешро ҳимоя менамоянд.
Фирдавс
--------------------------------------
Шояд орзуи хабарнигорони тоҷик имсол амалӣ шавад. Манзурам, мулоқоти эшон бо раисиҷумҳур сурат мегиард ё хайр...ва боз ба ҳамаи аҳли Тоҷикистон рӯзи наву барори нав, умеди наву комгории нав таманно дорам.
Комрон
-------------------------------------
Ман аз сидқи дил фарорасии Наврӯзи оламафрӯзро ба аҳли миллати ориённажод муборакбод гуфта, тамманои онро дорам, ки дар ин сол тамоми орзую умедашон ҷомаи амал пӯшад!!!
Маҳмадӣ аз Душанбе
---------------------------------------

Дуруди маро пазиред, ҳамватанони арҷманд!

Наврӯзи хуҷастапай ба ҳамаатон муборак бошад ва бигзор саломативу комгорӣ ҳамеша ҳамрадифи Шумо гардад. Орзуи Наврӯзии ман ин буда, ки барои ба майдон омадани рӯзноманигорони воқеӣ мусоидат намоему онҳоро низ дастёр бошем!

Илҳомҷон Ҳамидов
-------------------------------------
Caлом ба ҳамаи ҳамватанон!

Фарорасии Наврӯзро ба кулли тоҷикон ва форсизабонони дунё табрики самимона мегӯям. Орзуи ягонаи ман дар Наврӯз танҳо ва танҳо ҳамин аст, ки ҳадди ақал як бор андеша намоем, ки ТОҶИК кӣ буд, дар куҷо буд ва ба куҷо равона аст ё ба куҷо майли рафтан дорад?

Иршод Сулаймонӣ
---------------------------------------
Зиндагӣ бе орзу ширин набуд
Зиндaгиро орзу ширин намуд.
-- илҳом аз шоири советии тоҷик Миршакар ва аммо ба қавли Иқболи Лоҳурӣ:

Орзуро дар дили худ зинда дор,
То нагардад мушти хоки ту мазор.

ва илҳом аз мақоли халқӣ!
Дар ноумедиҳо басе умед аст
Поёни шаби сияҳ сафед аст.

Дар остонаи Наврӯз ман ва шояд садҳо нафар мисли ман хоҳони тағйирот дар саҳнаи сиёсат ва иқтисодиёт, аз он ҷумла дар камшавии ришвахорӣ, бенавоӣ ва муздурию мардикории халқамон ва ахиран ба сари кор омадани шахсони лоиқу дилсӯз дар Тоҷикистон ҳастем...

...Дар ривояте омадааст, ки Наврӯзро ҳангоме ҷашн мегирифтанд, дар ҳаёти мардум як чизи хуш ё тағйироту ҳодисаи хубе будааст. Бо вуҷуди ин ки дар ҳаёти аксари халқи тоҷик ба ғайр аз баробаршавии рӯзу шаб ва омадани рӯзи нав ягон тағйироти дигари хуше ба ҷуз тарки ватан барои мардикорӣ ба вуҷуд намеояд, мо низ аз Наврӯз умеде дорем.
Умед аз Кембриҷ
XS
SM
MD
LG