Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хумдон - нишоне аз фарҳанги ориёӣ


Кӯлоб Барои нахустин бор хумдони аҳди қадимро, ки нишон аз даврони Ҳахоманишӣ ва давлатдории Юнону Бохтар дар ҷануби Тоҷикистон аст, бостоншиноси рус Павел Самойлик дар канори шаҳри Кӯлоб кашф карда буд. Ин хумдон, ба гуфтаи муаррихи тоҷик Юсуфшоҳи Ёқубӣ, таърихи тақрибан 700 сола дорад.

Музаффар Азизӣ - раиси бахши ҳифзи ёдгориҳои фарҳангӣ ва ташхиси бадеии вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ин хумдон дар солҳои навадуми қарни 20 кашф гардид, вале бо иллати камбуди маблағ ҳафриёти коргоҳи кулолӣ мутаваққиф шуд.
Хайрулло Тоҳиров - муаррих ва раиси бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин хумдон аз нодиртарин бозёфтҳои бостоншиносони тоҷик дар солҳои ахир будааст.Ҳамакнун ин хумдон, ва ё бо забони муосир заводи истеҳсоли зарф,ба феҳристи ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ворид карда шуд. Ин феҳраст тавссути вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо сарпарастии молии сафири Иёлоти муттаҳида дар Тоҷикистон тартиб дода мешавад. Музаффар Азизӣ мегӯяд, сафири Амрико дар Душанбе барои ин феҳраст $ 30.000 ҷудо кардааст.
Ахиран номнависи ёдгориҳои бостонӣ дар ҷануби Тоҷикистон поён ёфт. Ба гуфтаи Музаффар Азизӣ, бахши аъзами ёдгориҳои бостонии ин минтақаро мақбараҳо ташкил додаанд. Бостоншинос Хайрулло Тоҳиров дар тайиди ин гуфтаҳо меафзояд, қабристон, мазорҳо ва зиёратгоҳҳо аз мавзеъҳоеанд, ки аз даврони ба истилоҳ «пролеткулът» ё бабодифанодиҳии арзишҳои миллӣ эмин монда то замони мо расидаанд ва нишоне аз меъмории бостонии мардуми тоҷиканд.
Бостоншинос Юсуфшоҳ Ёқубӣ меафзояд, меъмориҳои аҳди қадим ҳамакнун бар асари ҳафриёти коху кушкҳо бостонӣ пайдо мешаванд. Аз ҷумла, ҳафриёти оромгоҳу мазорҳои Ҳулбук, ки то чанд соли пеш шаҳри мутааллиқ ба асрҳои миёнаи солшумории милодӣ маҳсуб мерафт,собит кардаанд, ки таърихи он то ба даврони биринҷу оҳан тӯл кашидааст.Ӯ меафзояд,акнун ёдгориҳои нодири Ҳулбукро ҳама сокинони кишвар метавонанд бо чашми худ бубинанд:

Мо ду осорхонаи бостоншиносиву мардумшиносӣ месозем дар Ҳулбук ва Кӯлоб ва тамомии бозёфтҳои худро аз ҳафриёт дар ин осорхонаҳо ҷо медиҳем

Ба иттилоъи Абдумалик Қодиров - масъули бахши фарҳанг ва ёвар дар умури рушди демократияи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, тайи панҷ соли ахир аз хазинаи инфиродии сафири Иёлоти муттаиҳда барои лоиҳаҳои марбут ба фарҳанг беш аз $140.000 ҷудо шудааст. Ин дар мавридест, ки кӯмаки ИМА дар самти пуштибонӣ аз тарҳҳои фарҳангӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст:

Теъдоди ин гуна лоиҳаҳо боз ҳам зиёдтар мешавад, зеро шурӯъ аз ин сол Департаменти давлатӣ дар ин самт беш аз $3 млн. ҷудо мекунад, ки он миёни беш аз 60 кишвари дунё аз рӯи озмун тақсим мешавад. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳое шомил аст, ки маблағҳои хориҷиро барои ҳифз ва нигаҳдории сарвати бостонии худ ҷалб менамояд.

Феҳристи ёдгориҳои бостониву таърихӣ дар ҷануби Тоҷикистон такмил шудааст ва ба гуфтаи Музаффар Азизӣ, рӯзҳои наздик гурӯҳҳои корӣ ба номнависии меъмориҳои бостонии устони Суғд ва вилояти Бадахшони Кӯҳистон шурӯъ мекунанд.
XS
SM
MD
LG