Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Қирғизистон Наврӯзро ҳамроҳ таҷлил мекунанд


Сокинони навоҳии марзии Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷашни Наврӯз бо ҳам таҷлил хоҳанд кард.


Сафарбек Солиев - корманди Барномаи тавсеъаи СММ (UNDP) гуфт, андешаи таҷлили муштарак аз ҷашни Наврӯз ба ибтикори ҳукуматҳои маҳаллии навоҳии марзии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва пуштибонии намояндагиҳои Барномаи тавсеъаи Созмони Милал дар ин ду кишвари ҳамсоя ба хотири густариши муносиботи неки ҳамсоягӣ иҷро хоҳад шуд.


Оқои Солиев гуфт: «Таҷлили муштарак аз Наврӯз хеле рангину ҷолиб хоҳад шуд ва дар он дастурхони наврӯзии ҳар ду миллат густарда хоҳад шуд ва мусобиқоти варзишӣ, суманакпазӣ ва дигар барномаҳо сурат хоҳад гирифт.»


Оқои Солиев гуфт, интизор меравад дар оянда як чунин барнома миёни Тоҷикистон ва ҷумҳурии ҳамсояи дигари он, Узбакистон низ амалӣ бишавад.


Барномаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ибтикори намояндагиҳои Барномаи Тавсеъаи СММ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон соли 2003 оғоз шуд ва дар панҷ ноҳияи ҳамсояи ин ду кишвар, Боткен ва Лайлаки Қирғизистон, Исфара, Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ба хотири таҳким ва рушди ҳамкориҳо ва муносиботи иқтисодиву иҷтимоъии ин ду кишвари ҳамсоя пиёда мешавад.

Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG