Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи интернетии ҲХДТ фаъол шуд


Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон чаҳорумин ҳизби кишвар аст, ки дар шабакаи Интернет сомонаи вижаи худро боз кардааст.

Сомонаи интернетии ин ҳизб, ки бо нишонии www.hhdt.tj қобили дастрасист, ҳоли ҳозир ба забони тоҷикӣ матолибе мунташир мекунад ва дар назар дорад, ки дар рӯзҳои наздик сафҳаи русии худро низ фаъол кунад. Ин сомона аз маълумот дар бораи ҲХДТ, ахбор, бахши вижа дар бораи ҷиноҳи ҳизб дар порлумон, «Минбари Халқ» - нашрияи ҳизбӣ, муаррифиномаи чеҳраҳои ҳизбӣ ва форум ё назаргоҳ иборат аст ва бархе аз бахшҳо дар ҳоли шаклгирист.

Дар пешорӯи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ ахиран ду ҳизби дигар: Ҳизби сотсиал-демократ ва Ҳизби демократ низ сомонаҳои интернетии худро рӯи кор овардаанд. Се сол қабл Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони нахустин ҳизби сиёсии ин кишвар дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи худро боз карда буд.
XS
SM
MD
LG